• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон омили пешгирикунандаи амалҳои номатлуб

Migration Service by Migration Service
05.03.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон омили пешгирикунандаи амалҳои номатлуб
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Маърифати ҳуқуқӣ – як намуди маърифати ҷамъиятӣ буда, аз сатҳи шуури ҳуқуқӣ, қонуният, такмили қонунгузорӣ, амалияи ҳуқуқӣ дар ҷомеа гувоҳӣ медиҳад. Мазмуни онро арзишҳое ташкил медиҳанд, ки дар ҷараёни фаъолияти инсон дар соҳаи ҳуқуқ ташаккул ёфтаанд.

Маърифати ҳуқуқии ҷамъиятӣ ва шахсӣ аз ҳам фарқ доранд. Маърифати ҳуқуқии фардӣ дорои сатҳи муқаррарӣ, касбӣ ва илмӣ мебошад. Маърифати ҳуқуқии касбӣ бештар марбути ҳукуқшиносон аст. Сатҳи шуури ҳуқуқии ҷамъиятӣ ва фардӣ, қонуният, такмили қонунгузорӣ, амалияи ҳуқуқӣ – нишондиҳандаи маданияти ҳуқуқии ҷомеа мебошанд.

Маърифати ҳуқуқӣ дар баробари арзишҳои умумиинсонӣ инчунин унсурҳои миллиро низ дар бар мегирад. Шарҳи калимаи “маърифат” ҳамчун ақл, идрок, фаросат ва зиракӣ дар фарҳангу луғатномаҳои тоҷикӣ тавзеҳ дода шудааст.

Маърифати ҳуқуқӣ воқеияти ҳуқуқиро дар шакли донишҳои ҳуқуқӣ ва муносибатҳои баҳодиҳӣ ба қонун ва татбиқи он, муносибатҳо ва меъёрҳои иҷтимоиву ҳуқуқӣ ва рафтори одамонро дар муносибатҳои ҳуқуқӣ танзим мекунад. Аз ин лиҳоз, маърифати ҳуқуқӣ дар меҳвари муносибатҳои ҳуқуқии ҷамъиятӣ мавқеи хос дошта, дар таҳкими афкори ҳуқуқӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Зуҳуроти номатлубе, ки ба амнияту осудагии ҷомеаи инсонӣ ва кишварҳо таҳдид мекунанд, аз давлату ҳукуматҳо зиракӣ ва маҳорати бештари пешгирии хатарҳои мавҷударо тақозо менамояд. Махсусан дар даврае, ки терроризму экстремизм ҳамчун хатари ҷиддӣ муаррифӣ мегардад, маҳз сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон метавонад ба шомилшавии аҳолӣ ба ин гуна ҳаракату гурӯҳҳо монеа гузорад.

Дар кишвари мо пас аз ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, аз 28 декабри соли 2023 масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон боз ҳам мубрамияти бештар касб намуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём маърифати баланди ҳуқуқии шаҳрвандонро асоси ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар номида, қайд намуданд, ки Тоҷикистон баъди беш аз сӣ соли соҳибистиқлолии худ ба марҳилае расидааст, ки ба ташаккули ҷомеаи пешрафтаву идеалӣ диққати бештар зоҳир намояд.

Дар баробари ташаккули донишҳои ҳуқуқӣ, маърифати ҳуқуқии баланди аҳолӣ имконият медиҳад, ки онҳо аз ҳуқуқу озодиҳои худ ва инчунин дар навбати худ аз ҷавобгариҳое, ки барои қонуншиканиҳо пешбинӣ гардидаанд, огоҳ бошанд. Яъне аз ҷинояткориву қонунвайронкуниҳои гуногун худро канор гиранд.

Шиддат гирифтани вазъи геосиёсиву низомӣ, таҳдидҳои амниятӣ, бӯҳронҳои молиявию иқтисодӣ, инчунин, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим, норасоии ғизо ва оби ошомиданӣ дар ҷаҳону минтақа ва пайомадҳои онҳо кишвару ҳукуматҳои ҷаҳонро ба таҳияи стратегияву барномаҳои нави ҷиноӣ водор намудааст. Аксари кишварҳое, ки дорои қудрати сиёсӣ ва иқтидори бузурги ҳарбӣ мебошанд, ба таври ошкоро ва ғайриошкоро дар ҳудудҳои дигаре, ки манфиатҳои гуногуни геополитикиву геосиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ доранд, бозиҳои гуногунро роҳандозӣ намуда истодаанд.

Минтақаи Осиёи Марказӣ чун минтақаи имкониятҳо дар маркази таваҷҷуҳи аксари қудратҳои ҷаҳон қарор гирифтааст. Ин қудратҳо ба таври гуногун кӯшиш мекунанд, ки нуфузи худро дар минтақа бештар созанд ва ин ҳолат амнияти минтақаро заиф месозад. Махсусан, дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ривоҷ ёфтани фаъолияти ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон зиракии сиёсии бештарро тақозо дорад.

Эълон шудани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ як қадами муҳим дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

30 декабри соли 2023 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024 таҳти №668 ба нашр расид. Дар тавзеҳоти фармони мазкур қайд карда мешавад, ки яке аз мақсадҳои қабули фармон оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ мебошад.

Дар ин росто ногузирии оштинопазирӣ бо терроризму экстремизм ва дигар амалҳои номатлуби монанд ба он аз як тараф боиси баланд гардидани маърифати ҳуқуқӣ ва аз тарафи дигар боиси шаклгирии беҳтари эҳсоси ватандӯстии аҳолии мамлакат мегардад.

Ба таври умум маърифати баланди ҳуқуқӣ, дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва салоҳиятнокии аҳолӣ метавонад, боиси коста гардидани фаъолияти ташкилотҳои ғайриқонунӣ, ки бо паҳн намудани ғояҳои террористиву экстремистӣ машғуланд, гардад.

Бо маърифати баланди ҳуқуқӣ терроризму экстремизм ва ғояҳои номатлуби марбут ба он пешгирӣ карда мешавад ва ҳамчунин дар роҳи ташаккули ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд қадамҳои устувор гузошта хоҳад шуд.

Ахмедов Мустақим,

Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара

Previous Post

Зан – модар аввалин мураббии башарият

Next Post

8- март – Иди Модарон

Next Post

8- март – Иди Модарон

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.