• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Масъалаи тундгароӣ дар ҷомеаи кишварамон бисёр актуалӣ мебошад

Migration Service by Migration Service
14.11.2023
in Хабархо, Хабарҳо
0
309
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ифротгароӣ зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикос ёфтае мебошад, ки ба бенизомӣ тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он барангехтани низоӣ нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад.

Шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тамоюли ифротгароидошта, ба монанди «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ансоруллоҳ», «Байъат», «Ҳаракати Толибон», «Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон», «Салафия», “Ташкилоти террористӣ – экстремистии ҳизби наҳзати ислом” мисоли равшани ин қазия аст. Нафарони мазкур мутаассифона, намедонанд, ки қурбонии бозингарони бузург ва душманони Тоҷикистон гардидаанд.

Омилҳои гуногунеро метавон зикр намуд, ки ҷавонон таҳти таъсири чунин ҳизбу ҳаракатҳо қарор мегиранд. Сатҳи пасти таълиму тарбия дар оила ва надоштани маърифати кофии динӣ ва инчунин, мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, сатҳи бекорӣ сабабгори асосии ҷалб шудани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро гардидааст. Яке аз роҳҳои асосии ҷалб намудани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ асосан, муҳоҷирати меҳнатӣ ва инчунин ташвиқот аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд.

Чунин раванд омили ба вуҷуд оварандаи нооромӣ ва бесуботии ҷомеа хоҳад шуд, зеро баҳсҳо ва муборизаҳои идеологӣ ва ғоявӣ дар майдони шабакаҳои иттилоотӣ бо тамоми шиддат ҷараён доранд. Чунин баҳсҳои иттилоотӣ метавонанд дар ҳама ҳолат таъсири худро ба ҷомеа расонанд.

Маълум аст, ки вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаи ҳар як кишвар ба раванди таъмини дастовардҳои миллӣ ва амнияти сартосарии он таъсири амиқ дорад. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама, зарур аст, ки мафкура ва вазъи равонии ҷомеа бо татбиқи барномаҳои мухталифи сиёсию фарҳангӣ ва идеологӣ ба ҳадафҳои давлату миллат ҳамгун ва ҳамнаво бошад. Дар ин раванд, албатта, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад, то мушкилоти мавҷуда ҳаллу фасл гардад.

Бояд гуфт, ки аксари таҳлилгарон бар ин назаранд, ки сатҳи донишу маърифати дунявии ҷавонон хеле поён рафтааст ва маърифати диниашон низ шакли костагӣ ва нуқсондошта, онҳо дар бисёр маврид миёни оддитарин масъалаҳои хурофоту дин, ақидаҳои ботилу воқеӣ фарқ гузошта наметавонанд. Ин танҳо мушкилоти имрӯзаи кишвари мо набуда, балки тамоми кишварҳои пасошӯравӣ гирифтори чунин проблемаҳо ҳастанд.

Албатта, ин мушкилот дар маҷмӯъ, боиси он мегардад, ки гурӯҳҳои манфиатхоҳ ва фурсатталаб аз вазъияти ҷойдошта истифода мекунанд. Ҷой доштани чунин падидаи ногувор аз сатҳи пасти маърифати динию мазҳабии ҷавонони кишварамон ва аз суст ба роҳ мондани мубориза алайҳи ифротгароӣ шаҳодат медиҳад.

Бояд гуфт, ки дини мубини ислом сулҳу субот ва оромиро ташвиқ намуда, рӯ овардан ба ифроту тундравиро манъ мекунад. Ҷавонон ояндаи миллат ва давлатанд. Ҷавонони солимақл, соҳибистеъдод ва ҳушманд, ифтихор ва сармояи хушбахтӣ ва саодатмандии ҷомеа мебошанд. Аммо ҷавонони ифротгаро ва ситезаҷӯ доғи дили падару модарон, дарди сари ҷомеа ва омили хушунат, низоъ ва фитнаҳои навбатӣ хоҳанд гашт.

Хулоса, масъалаи тундгароӣ дар ҷомеаи кишварамон бисёр актуалӣ мебошад, аз ин рӯ, он таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд ва пеш аз ҳама, ҷавононро лозим меояд, ки дар ин масъала эҳтиёткор бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва аз ҳамроҳшавӣ ба чунин гурӯҳҳо худдорӣ намоянд.

Бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Тренинги омӯзишӣ дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ”

Next Post

Танҳо ба манфиати муҳоҷирон

Next Post

Танҳо ба манфиати муҳоҷирон

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.