Бо ибтикори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар синфхонаи Раёсат машғулияти идоравӣ дар мавзуи “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими раванди муҳоҷират” бо иштироки директори МД “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Маҳмадбекзода Моёншо ва кормандони дастгоҳи Раёсат баргузор гардид.
Дар баромади худ Маҳмадбекзода Моёншо иброз намуданд, ки танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, алалхусус мусоидат намудан ба таъмини ҳуқуқҳои меҳнатии онҳо дар хориҷи кишвар, пайваста дар мадди назари кормандони вазорат қарор доранд.
Айни замон, лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Муассисаи давлатии “Фонди ҳимояи ҳуқуқ ва дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия гардида, дар марҳилаи мувофиқасозӣ бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ қарор дорад. Иқдоми дигар дар ин самт тақвият додани ҳамкориҳо бо мақомоти дахлдори давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон маҳсуб меёбад. Таъмини гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатӣ низ дар меҳвари сиёсати муҳоҷиратӣ қарор дорад.
Бо мақсади танзими раванди муҳоҷирати аҳолӣ тибқи муқаррарот ҷаласаҳои Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар онҳо масъалаҳо доир ба фаъолияти вазорат дар самти муҳоҷирати дохилӣ, экологӣ, таъмини гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатӣ ва муташаккилона сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишвар дар асоси созишномаҳои ҳамкорӣ бо давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Ҳамин тариқ, метавон бо қаноатмандӣ қайд намуд, ки иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳаллу фасли масоили мубрами рӯзи марбути баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, таъмини шуғли пурмаҳсул, танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва экологӣ пайваста дар меҳвари фаъолияти кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор доранд, – афзуд Маҳмадбекзода М.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

