• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак

Migration Service by Migration Service
10.10.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак
557
SHARES
4.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак” пеш аз ҳама, ин пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ,  фарҳангӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.

Масъулият худ эҳсосест, ки дар рафтори ҳар як шахсияти комили ҷомеаи мутамаддин ва ҳар як фарди бедордил вобаста ба ин ё он вазифае, ки ба душаш гузошта шудааст, дида мешавад.

Аммо тақозои замон аст, ки ин масъулиятро баҳри беҳбудии ҳаёти инсон дар худи инсон давлат ва қонунгузорӣ бедор намояд.

Давлати мо низ тавассути қонунгузории хеш тавонист ба ин масоил бе тафовут набошад.

Пеш аз ҳама сарчашмаи асосии ин ташаббус меъёрҳои Конститутсияи амалкунандаи мо мебошанд, ки ба тарзи зерин пешбинӣ шудаанд.

Беҳуда нагуфтаанд, ки “Фарзанд азиз, одобаш аз он азизтар”.

Маҳз дар натиҷаи ба воя расонидани фарзандони солимақл ва бедордил маънии зиндагии мо аён мегардад.

Барои ба ин ҳадафҳо ноил шудан падару модарон мебояд назоратро аз болои фаъолияту кирдорҳои фарзандон ҷиддӣ ба роҳ монанд.

Чунки ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондани кӯдак метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад ва ҳатто ояндаи худро зери хатар гузорад.

Фарзандон беҳтарин воситаи бақои оила ва сарчашмаи асосии хушбахтии мо мебошанд.

Аз ин сабаб, барои тарбияи дурусти онҳо муҳити боварӣ ва эҳтироми ҳамдигариро фароҳам овардан зарур аст.

Қонуни мазкур аз ҷониби дигар ба таърихи тамаддуни миллати тоҷик дар тӯли асрҳо, ки ба масъалаи тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ дода мешуд, алоқамандӣ дорад.

Дар қисми якуми моддаи 18-и Эъломияи ҳуқуқи кӯдак сабт шудааст, ки «таъмини манфиатҳои кӯдак бояд мавзӯи асосии ғамхории волидайн бошад». 

Бидуни таълиму тарбия тартиботи ҷомеаро наметавон пойдору устувор кард ва ба ояндаи дурахшони давлату миллат бо эътимод умед баст.

Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи кӯдак” дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии наврасону ҷавонон, ки нерӯи пурқудрат, такягоҳ ва боигарии давлат маҳсуб меёбанд, нақши созандае гузошт.

Шароити номусоиде, ки солҳои аввали истиқлолият ба вуҷуд омад, пеш аз ҳама боиси халалдор шудани таълиму тарбияи ҷавонон гардид.

Ин авзои номатлуб ба зудӣ тавонист, ба ҷомеа, хоса ба наврасону ҷавонон асари амиқ гузорад, аз ҷумла сатҳу сифати таълиму тарбияро коҳиш диҳад, ба корҳои ношоиста даст задани ҷавонон ва дигар зуҳуроти номатлуб авҷ гирифт.

Бархе аз ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои бегона, хурофотпарастӣ, манфиатҷӯӣ рӯй оварданд ва ин костагиҳо сабабгори вайрон шудани ахлоқи ҷомеа гардиданд.

Бинобар ин, иқдоми неки Пешвои миллат ва мардуми кишвар гирифтани пеши роҳи омилҳои мавҷударо пайдо намуд ва қонуни мазкур садди роҳи амалҳои номатлуби ҷомеа гардидааст.

Мо шаҳрвандони ҷумҳурӣ тамоми фаьолияти хешро баҳри амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак” бояд равона созем.

Борониева Сакина,

Мутахассиси пешбари шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе  

Previous Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар Фурудгоҳи байналмилалӣ шаҳри Душанбе

Next Post

Вохӯриву суҳбатҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар фурудгоҳҳо, истгоҳи роҳи оҳан ва нақлиёти мусофирбар идома дорад

Next Post
Вохӯриву суҳбатҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар фурудгоҳҳо, истгоҳи роҳи оҳан ва нақлиёти мусофирбар идома дорад

Вохӯриву суҳбатҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар фурудгоҳҳо, истгоҳи роҳи оҳан ва нақлиёти мусофирбар идома дорад

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.