Субҳи 18 октябри соли 2025, дар Хадамоти муҳоҷират дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар ва нақша – чорабинии Хадамоти муҳоҷират, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ шанбегии дастаҷамъона бо иштироки васеъи кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират баргузор гардид.
Масъулин гирду атрофи корхона: аз ҷумла саҳни бинои Хадамот, роҳраву гулгаштҳо аз алафҳои бегона ва барги дарахтон тозаву озода намуда, бехи дарахтонро нарм намуда ба ҳусни шаҳр, корхона таровати наҷиб бахшиданд.
Бояд зикр намуд, ки роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират дар пайи иҷро ва амали дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар буда, ҳамаҷониба дар рушду нумуъ ва ободии шаҳри гулбадомон Душанбе саҳми назарраси худро мегузорад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират