Мевае дар боғи Истиқлол

Шукри ин Ватан, ин боғу чаман, сулҳу амонӣ ва оромиши зиндагонӣ. Шукри хандаи беғаши тифлон ва осоиши модарон.
Бале, сулҳу Ваҳдат суханҳоест, ҳамеша дилчаспу дилнавоз барои мардуми тоҷик, ки тӯли асрҳо зулму хиёнат ва ноҳақиро дид, вале нашикаст боз ба умеди фардои дурахшони Ватан мубориза бурд ва ба ин гавҳари ноёб ноил гардид. Маъниву мафҳуми Ваҳдат барои халқи тоҷик тавсиф ношуданист.
Зеро Ваҳдат аст, ки имрӯз мардум дар фазои ободу озоди кишвар бе тарсу ҳарос зиндагӣ доранду дар гулгаштҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар қадамзанон эҳсоси шодкомӣ мекунанд.

Дар васфи Ваҳдати миллӣ ҳар чизе гӯем, кам аст, чун ҷумлаҳо наметавонанд, ормонҳои чандҳазорсолаи халқи тоҷикро баён кунанд. Халқи тоҷик хуб дар ёд дорад, ки солҳои 90-уми қарни гузашта ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳо, аз ҷумла иқтисодиёти кишвар фалаҷ гардид. Мардуми азиятдида ба ояндаи кишвари худ ноумедона назар медӯхт.

Вале, хушбахтона, бо такя ба сабақҳои таърих хиради мардуми бофарҳанги тоҷик ва талошҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик муяссар гардид, ки дар муддати кӯтоҳ садди роҳи низоъҳои дохилӣ гардад.

Алҳол, ки мардуми сулҳпарасти мо дар остонаи 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор доранд, бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ ва ваҳдату якдилӣ аз самими қалб гулгулшукуфоии ватани азизамонро ҷашн мегиранд. Чун тариқи ойинаи нилгун ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабардор мешавем, хеле аз мардуми сайёра орзуи доштани сулҳу ваҳдат ва зиндагӣ дар макони оромро доранд.

Ин саҳнаҳоро мебинаму чун ҷавони саодатманди даврони Истиқлолият аз давлату даврони Тоҷикистони азиз шукрона мекунам.
Ваҳдати миллии моро имрӯз дар мактабҳои олии сиёсӣ ҳамчун сулҳи тоҷикон меомӯзанд.

Имрӯз аз файзу баракати Истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва Ваҳдати миллӣ мардуми мо дар шоҳроҳи рушди устувор бо азму иродаи қавӣ барои имрӯзу фардои Тоҷикистони азизамон қадам мезананд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо