Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод дар ҳамкорӣ бо бахшҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бахшида ба “Рӯзи байналмилалии пешгирӣ экстремизми хушунатомез” бо ҷавонони фаъоли ноҳия мизи мудавар дар мавзуи “Мо бар зиди экстремизм” баргузор гардид.
Ҳадафи баргузории ҳамоиш баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандон ва ҷавонон, таҳкими тафаккури солим ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти ифротгароёна дар ҷомеа мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки дар тақвим 12 феврал чун Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез сабт гардидааст. Дар ин замина ҳамасола корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бар зидди ин зуҳуроти хатарзо пеш бурда мешаванд
Дар баромади худ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Басонат Азизов қайд карданд, ки “Рузи байналмилалии пешгирии эктремизми хушунатомез” чавонону наврасонро водор месозад, ки дар масъалаи шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ ва пешгирӣ аз ин омилҳои номатлуб бояд, хушдор бошанд. Бояд қайд, намоем, ки Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ҷавононро ояндаи давлат миллат шуморида”, бо ҷавонони мамлакат боварӣ дорад.
Инчунин, Пешвои муазами миллат қайд карданд, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таасубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои хисси баланди худшиносии миллат вобастагии амиқ дорад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

