• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Конститутсия – муқаддасоти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Migration Service by Migration Service
07.11.2023
in Хабархо, Хабарҳо
0
311
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

6-уми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории навини миллати тоҷик Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати Қонуни олии кишвар бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд.

Ин санади муқаддасу сарнавиштсоз ифодагари азму иродаи мардум буда, роҳи минбаъдаи рушду такомули ҷомеаи моро муайян менамояд.

Дар ин асно, санаи 1-уми ноябри соли равон дар ноҳияи Варзоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, шуъбаи маориф, бахши Хадамоти муҳоҷират ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» мизи мудаввар зери унвони «Конститутсия – муқаддасоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти Раёсати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси ноҳияи Варзоб Хоҷазода Фарзона Ҳамдам, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Қосимзода Маҳтоб Пир, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ғоибзода Саодат Ғоиб, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳияи Варзоб Мухбира Аюбӣ ва сардори бахши Хадамоти муҳоҷират, роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Варзоб Олимзода Орифҷон Олим доир гардид, ки дар он роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта ва аъзоёни фаъоли ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд.

Сараввал мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Варзоб Ғоибзода Саодат Ғоиб чорабиниро оғоз намуда, иштирокчиёни мизи мудавварро ба ифтихори Ҷашни бузурги миллӣ Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуданд.

Ҳамчунин, изҳор доштанд, ки Конститутсия аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, пойдевори ҳуқуқии давлати наву соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ  ва фарҳангӣ мебошад. Инчунин, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва аксари кишварҳои ҷаҳон Конститутсияи Тоҷикистонро ба ҳайси Қонуни асосии ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ ва дунявӣ хуб арзёбӣ намудаанд.

Сипас узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси ноҳияи Варзоб Хоҷазода Фарзона Ҳамдам оид ба «Конститутсия – иродаи давлатдории миллӣ» баромад намуда, иброз андеша намуданд, ки яке аз санаҳои фархундаву тақдирсозе, ки боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад, ин санаи 6-уми ноябри соли 1994 Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки он ба таҳкими равандҳои давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ асос гузошт.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 сол қабл дар як марҳилаи басо ҳассосу таърихӣ қабул гардид.

Он ҳуҷҷатест, ки фазои амалаш маҳдуд набуда, сарнавишт ва роҳи пешрафти ояндаи халқу давлатро дар тӯли даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳо муайян мекунад.

Баъдан раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб Қосимзода Маҳтоб Пир дар мавзуъи «Конститутсия – рамзи олии истиқлоли кишвар» баромад намуда, иброз доштанд, ки нақши таърихии Конститутсияи кишварамон ин аст, ки он солҳои аввали Истиқлолияти давлати навини тоҷиконро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.

Азми қатъии моро дар пешбурди сиёсати сулҳҷӯёна, эътироф ва эҳтироми истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳон ва роҳандозии ҳамкориҳои байнидавлатиро дигар давлатҳои ҷаҳон ва роҳандозии ҳамкориҳои байнидавлатиро дар асоси меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ муқаррар кард.

Инчунин, Конститутсияи Тоҷикистон дар роҳи пешбурди сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, татбиқи барномаҳои некуаҳволии халқ, иҷрои нақшаҳои бунёдкорӣ дар бахшҳои гуногун, таъмини саодати мардум ва амнияту осоиши кишвар ба сифати роҳнамо хидмат мекунад ва хоҳад кард.

Дар баробари ин, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳияи Варзоб Мухбира Аюбӣ дар мавзуъи «Конститутсия – ба сифати Қонуни олӣ» баромад намуданд.

Аз ҷумла зимни баромади худ қайд доштанд, ки ин санад дар таърих ба унвони Конститутсия эҷод гардид ва то имрӯз ҳамчун санади асосӣ шинохта мешавад.

Ҳарчанд қаблан мо дорои чунин санад будем, аммо ин ҷавобгӯи ҳадафҳои давлату миллат набуд ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон зарурати ба низом даровардани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати тоҷиконро ба миён овард.

Масалан забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ расман эълон гардид ва рамзҳои давлатӣ ҳамчун муқаддасот шинохта шуданд.

Бо ҳамин тартиб баромад намуданд:

Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 Умаров Фарҳод дар мавзуъи  «Конститутсия – ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон» баромад намуданд.

Аз он ҷумла қайд доштанд, ки    Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳар як шаҳрванд мебошад.

Бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсия нишонаи ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандон нисбат ба ояндаи худ, тақдири минбаъдаи давлат ва ифодаи рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии мардум гардид.

Инчунин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун яке аз беҳтарин санадҳои олии ҳуқуқӣ эътироф шуда, дар он ҷанбаи башардӯстӣ мавқеи аввалиндараҷа ва асос дорад ва ҳимояи инсон ҳуқуқу озодиҳои фитрии ӯ мақсади асосӣ эълон шудааст.

Корманди шуъбаи маорифи ноҳияи Варзоб Ҳусейнов Сайфиддин Бобоевич оид ба «Конститутсия – ин  санади сарнавиштсоз» баромад намуда, иброз доштанд, ки омӯхтан, донистан, эҳтиром гузоштан ва риоя намудани Конститутсия – ин санади сарнавиштсоз, вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар – аз хурд то бузург мебошад.

Зеро Конститутсия пояҳои давлати моро устувор нигоҳ медорад ва роҳи моро ба сӯи ҷомеаи пешрафта, давлати тарақикарда ва зиндагии ободу озод ҳамвор месозад.

Хусусан, дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ ва вусъат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир, ки метавонанд истиқлоли миллӣ ва амнияти давлату ҷомеаи моро халалдор созанд, мо бояд ба эҳтироми Конститутсия ва риояи ҳатмии меъёрҳои он ҳамчун таъминкунандаи асосҳои низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар аҳамияти аввалиндараҷа диҳем.

Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 Шарипов Ҷаҳонгир дар мавзуъи «Конститутсия – кафолати зиндагии шоиста» баромад намуданд.

Аз ҷумла ибрози андеша намуданд, ки эҳтироми Конститутсия вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд буда, руҳияи худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва номуси ватанпарастии ҳар яки мову Шумо мебошад, зеро дар ин санади муқаддас ба фардои дурахшони Тоҷикистони азиз асос гузошта шудааст.

Ҳамчунин, хотиррасон менамоем, ки дар мизи мудаввар иштирокчиён ба музокира баромаданд.

Хулоса, Конститутсияи давлати демократии мо ҳамеша қутбнамо ва ифодагари манфиатҳои волои халқӣ, дорои таърихи бою рангинамон, манбаи асосии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ, пешбарандаи ғояву арзишҳои миллии мардуми шарифи Тоҷикистон ва сарчашмаи умеду ормонҳои чандинасраи ниёгонамон бошад.

Орифҷон Олимзода,
сардори бахши Хадамоти дар ноҳияи Варзоб

Previous Post

Конститутсия – бахтномаи миллат

Next Post

Вохӯриҳои судманд дар ноҳияҳои Ишкошим ва Шуғнон

Next Post

Вохӯриҳои судманд дар ноҳияҳои Ишкошим ва Шуғнон

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.