Имрӯз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманду сарбаланди Тоҷикистони азиз бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолият муқаддастарин ва азизтарин неъмат, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу неруи таконбахши ҳаёти ҳарӯзаи мо мебошад.
Даврони истиқлолият барои мо имкони васеъ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.
Воқеан, истиқлолият барои мо рамзи олии ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгиронаи созандагӣ, бо азму талошҳои фидокорона расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Дар ин асно, санаи 30-юми августи соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии ташкилёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Ҷавонон», «Шуғл ва муҳоҷират» ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» мизи мудаввар зери унвони «Истиқлолият-неъмати бебаҳо» таҳти Раёсати раиси Кумитаи иҷроия Қосимзода Маҳтоб Пир, муовинони раиси ноҳияи Варзоб Хоҷазода Фарзона Ҳамдам ва Ҳусензода Сироҷиддин Бобо, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҷавонон» Фаррухи Абдуқодир, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шуғл ва муҳоҷират», роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳия Олимзода Орифҷон Олим доир гардид, ки дар он роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, кормандони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он ва соҳаи маориф иштирок намуданд.
Сараввал раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб Қосимзода Маҳтоб Пир чорабиниро оғоз намуда, иштирокчиёнии мизи мудавварро ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии ташкилёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрику таҳният намуданд.
Инчунин, изҳор доштанд, ки дастоварди бузургтарини мо дар тули 33-соли Истиқлолият барқарор намудани сулҳу субботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯстии тоҷик муяссар гардид.
Дар ин замина, Қосимзода Маҳтоб Пир ибрози андеша намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як нерӯи пурқуввати сиёсӣ табдил ёфта, дар як муддати кӯтоҳ ҷомеаро муттаҳид карда, ба миллати тоҷик ояндаи дурахшонро эҳдо намуд.
Бо ҳамин тартиб аз рӯи дигар масъалаҳо баромад намуданд:
- узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси ноҳияи Варзоб Хоҷазода Фарзона Ҳамдам дар мавзуи «Истиқлолият рамзи бедории миллат» суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла, зимни баромадашон иброз доштанд, ки мусаллам аст, ки дар таърихи башарият миллатҳои гуногуне вуҷуд доранд, аммо давлат, роҳбар, мунису ғамхор чун Эмомалӣ Раҳмон надоранд.
Барои расидан ба як рӯзи нек ва соҳиб шудан ба Истиқлолият миллатҳои гуногун имтиҳонҳои сангину миёншиканро паси сар карданд.
Зеро ба даст овардани он, сарсупурдагиву матонат ва ҷавонмардиву фидокориро талаб менамояд ва чи қадар фарзандони неки Ватан барои ҳимояи марзу бумаш ҷони худро аз даст медиҳанду ба мақсади олии хеш мерасанд.
- муовини раиси ноҳияи Варзоб Ҳусензода Сироҷиддин Бобо дар мавзуи «Истиқлолият ва дастовардҳои беназири он» баромад намуда, қайд карданд, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвари азизамон руйдодҳои бузурги таърихӣ ба вуқуъ пайвастанд.
Ба истифода додани иншооти бузург аз қабили бунёди роҳҳо, биноҳои нави истиқоматии замонавӣ, маъмурӣ, биноҳои нави донишгоҳҳову муассисаҳои таълимӣ, варзишгоҳҳо, майдончаҳои варзишӣ ва боғҳои истироҳатӣ дар шаҳри Душанбе, муассисаҳои тиббиву табобатӣ, бунёди гулгаштҳо, идома ёфтани сохтмони бузурги аср НБО “Роғун” дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад.
- директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54-и ноҳияи Варзоб Умаров Фарҳод вобаста ба мавзуи «Ҷавонон ва Истиқлолияти давлатӣ» баромад намуда, қайд намуданд, ки имрӯз ҷавонони бонангу ори тоҷик беш аз пеш рӯ ба илму ҳунаромӯзӣ оварда, дар ҳама ҷабҳаҳои хоҷагии халқ фаъолона ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ машғуланд.
Зеро замони муоссир тақозо мекунад, ки насли ҷавони имрӯза баҳри ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ омода бошад. Ғояи миллӣ, андешаи миллиро, ки асоси онро Ваҳдату сулҳу бародарӣ ташкил мекунад, гиромӣ дошта, баҳри таҳкими Истиқлолият ва ғояҳои давлатдории миллӣ ҷаҳду ҷадол созад.
Хулоса, мо миллати сарбаланди тоҷик аз масъулияти баланди ватанпарварии Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунем ва ҳамеша бо сиёсати пешгирифтаи Пешвои маҳбуби миллат пайравӣ намуда, ба Ҷаноби Олӣ содиқ мебошем ва баҳри рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва афзун гардонидани дастовардҳои он садоқатмандона хизмат мекунем.
Орифҷон Олимзода,
раиси ташкилоти ибтидоии “Шуғл ва муҳоҷират”-и ҲХДТ дар ноҳияи Варзоб