Мо, ҷавонон, ҷонибдори сиёсати Пешвои миллат ҳастем ва хоҳем монд

Агар ба саҳифаи 30-солаи Тоҷикистон назар кунем, хоҳем дид, ки ин ҳама пешравиҳо дар натиҷаи меҳнати пурсамари Пешвои миллат бо такя ба ҷавонон ва дигар табақаҳои ҷомеа ба даст оварда шудааст.

Хуш он рӯзе, ки баъди рӯзҳои тира дар диёри мо дубора субҳи умед дамид. Офтоби сулҳу ваҳдат ва дӯстӣ шуълаафшон шуд. Мардуми мамлакат ин идро бо масъулияти баланди ватандорӣ бо дастовардҳои бузург ва интизориҳои беандоза пешвоз мегиранд. Дар зарфи 30-соли Истиқлолият давлати мо чӣ қадар рушду нумуъ ёфтааст.

Акнун моро мебояд, ки ба қадри ҳамин сулҳу салоҳ, оромию осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ бирасем.

Ин диёри камзамини мо барои хурду калон чун гаҳвараки чашм муқаддас аст, зеро ҳар яки мо дар ин хоки зархез ба камол расидаем. Ҳамчун гавҳараки чашм бояд ин Ватанро пуштибон бошем, ба қадри он бояд бирасем, зеро гузаштагони мо бо азобу ранҷҳои зиёд ин давлату фарҳангро ба мо ёдгор гузоштаанд.

Ғамхории Пешвои миллат нисбат ба мо, ҷавонон, рӯз аз рӯз зиёд гардида истодааст. Шароитҳои беҳтарин дар ҳар як донишгоҳу донишкадаҳо ва омӯзишгоҳҳову коллеҷҳо фароҳам оварда шудааст. Ҷавонон имкон доранд, ки дар донишгоҳҳои олии мамлакат ва ё дар хориҷ таҳсили илм намоянд.

Инчунин бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат Маркази миллии тестӣ ба истифода дода шуд ва ӯ таъкид намуд, ки «Мо барои тарбияи кадрҳои ояндасози мамлакатамон тамоми шароитҳои заруриро муҳайё карда, доир ба интихоби ҷавонони дар ҳақиқат донишманду ояндадор ҳамаи чораҳои дахлдорро андешида истодаем».

Дар чунин шароит давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон масъалаҳои дар низоми таҳсилот ҷорӣ намудани меъёрҳои муосири таълиму тарбия, тайёр кардани мутахассисони баландихтисосу соҳибмаърифат ва ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷиро ҷавҳари асосии сиёсати худ эълон карда, барои амалӣ гардонидани нақшаҳои неку созанда дар ин самт ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар намудааст.
Ҷавонони соҳибистиқлол дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои тарбияи ҷавонон як зумра қонуну санадҳо қабул кардааст, ки барои фаъолияти озодонаи ва ибтикори онҳо шароити васеъ фароҳам меорад. Мо дар замоне қарор дорем, ки раванди ҷаҳонишавӣ таҳдидҳои зиёд дорад. Аз ин рӯ, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 16 Қонуни конситутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» қабул намуд, ки барои тарбияи ватандӯстии ҷавонон аҳамияти зиёд дошт.

Зеро, маҳз ҳисси ватандӯстӣ намегузорад, ҳаракат ё падидаи нохуш амнияти миллатро халалдор кунад. Муҳимтарин василаи баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва омӯзиши таърихи пурғановати миллати худ ба ҳисоб меравад. Зеро мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсии онҳо дар баробари нерӯи демократии ҷомеа ва давлат хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи рушд ва ояндаи кишварро муайян месозад. Ҷомеа ё кишваре, ки дар навбати аввал ба таълиму тарбия, рушди маърифатнокӣ ва фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намекунад, ба сатҳи баланди инкишоф расиданаш ба гумон аст. Имрӯз қисми зиёди ҷавонон аз моҳияту мафҳумҳои «Ватан» ва «ватандӯстӣ» огаҳӣ пайдо кардаанд. Дар баробари ин як зумра мушкилоте мавҷуд аст, ки бартараф кардани онҳо кори зарур мебошад. Ин мушкили ҷиддӣ майли баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мебошад. Барои ин мебояд, ки диққати ҷавононро ба омӯзиши таърих, фарҳанг ва арзишҳои маънавии ниёгони худ афзун гардонем. Танҳо худшиносии миллӣ аз таърих огоҳ будан ва ибрат гирифтан ягона роҳе мебошад, ки майли ҷавононро ба сӯйи ҳар гуна ҳаракатҳои иртиҷои коҳиш медиҳад. Аз ин рӯ, мебояд, ки дар раванди тарбияи ватанпарастии ҷавонон ҳамаи субъектҳои тарбия бояд барои расидан ба як ҳадаф талош варзанд ва танҳо ҳамон вақт натиҷаи дилхоҳ ба даст хоҳад омад ва ин ҳадаф пеш аз ҳама таъмини ягонагии Тоҷикистон ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ аст.

Имрӯз, ки ҷумҳурии соҳибистиқлоламон Тоҷикистон дар роҳи сохтани ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор дорад, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ягона роҳе мебошад, ки баҳри расидан ба ин мақсад моро кӯмак мекунад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида, ҳамеша таъкид медоранд, ки «Ҷавонон нерӯи фаъолу боғайрат, қувваи созандаи ҷомеаи моро ташкил медиҳанд. Онҳоро хуб тарбия кардан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят кардан вазифаи муқаддаси ҳамаи аъзои ҷомеа аст. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд». Пас вазифа ва масъулияти мо, ҷавонон, дар роҳи расидан ба ормони миллӣ сол аз сол зиёд шуда истодааст. Аз ин рӯ, мо бояд кӯшиш кунем ва донем, ки ояндаи ин давлати соҳибистиқлол ва миллат ба мо вобастааст. Чӣ хеле, ки Пешвои миллат дар ҳар баромадашон таъкид мекунанд: «Ояндаи ҳар як давлату ҷомеа ба насли ҷавон, насле, ки масъулияти фардои Ватану миллат ба души онҳо гузошта мешавад, вобаста мебошад».

Мо боварии комил дорем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик як давлати аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешрафта мегардад, зеро бунёди роҳҳо, пойгоҳҳои барқӣ, пулҳои боҳашамат ва нақбҳои нақлиётӣ нишонаи рушду нумӯ аст ва он моро ба тамоми қитъаҳои дунё мепайвандад.

Мо – ҷавонони Хадамоти муҳоҷират зодаи Истиқлолият барои ободии диёри азизи номдорамон Тоҷикистон ва боло рафтани обрӯю нуфузи он дар ҷаҳони имрӯз аз фарзанди фарзонаи Тоҷикистон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирифта, барои боло бурдани обрӯю эътибори Ватани азизамон кору пайкор хоҳем кард.

Хуҷаназар Акбарзода
мутахасиси Бахши робита
бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо