Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замири ҷавонони кишвар ҳамчун асосгузори давлати навини точикон ва муаррифгари асили миллати точик дар арсаи байналмилалӣ нақши воло доранд.
Сарвари давлат барои миллат ва Ватани мо, барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизмати басо бузурге кардаанд.
Истиқлолият нишонаи барҷастатарини пойдории давлат, рамзи асолату ҳувият, симоии миллат, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори миллат гашт. Мо баъди ба даст овардани Истиқлолият ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун Тоҷикистон пайвастем ва аз куҳантарин диёру миллат ва қавм будани хеш дарак додем. Ҳамчунин Истиқлоли давлатӣ ҳаёти озодонаи ҳар фард гашт ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Истиқлоли давлатӣ барои мо – ҷавонон беҳтарин неъмат, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат ва ҳастии инсон ба шумор меравад. Танҳо бо доштани соҳибистиқлолӣ муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Танҳо дар фазои соҳибистиқлолӣ душвориҳо ва монеаҳо паси сар гардида, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меоварад.
Маҳз истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули фарҳанги сиёсии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд, ки саҳми ҷавонон дар ин раванд хеле самарабахш арзёбӣ мегардад. Вазъияти сиёсӣ дар ҳама давру замон ба неруҳои гуногуне, ки онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат нақши муассир доранд, такя мекунад.Имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд.
Зеро имрӯз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерӯи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Мо, ҷавонони бо нангу номуси тоҷик, нерӯи пешбаранда ва такондиҳандаи ҷамъият барои тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллат, рушду ободии мамлакат, дар арсаи ҷаҳон ва миёни давлатҳои мутамаддини олам мақоми шоиста ёфтани Тоҷикистони азиз масъулияти бузург бар дӯш дорем. Мо идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи ватани худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳастем.
Бале, хушбахтона, имрӯзҳо алалхусус бо дастгириҳои Роҳбари давлат ва роҳбарони муассисаҳои гуногун ҷавонони донишманд дастгирӣ ёфта, бо ҷойҳои кории хуб таъмин шуда истодаанд, ки ин ҳам боиси хушнудию ба пешравии ҷавонон мусоидат мекунад. Ҷавонон ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳода, ҷойи худро дар ҷомеа муқаррар кардан мехоҳанд. Дар пеши онҳо интихоби касб, ба вуҷуд овардани оила, пайвастан ба ҷунбиши муайяни сиёсӣ ва ниҳоят дарёфтани мавқеи устувори шаҳрвандӣ барин масъалаҳо пайдо мешаванд. Ҳамаи ин омилҳое ҳастанд, ки шахсиятро ташаккул медиҳанд.
Аз ин рӯ, онҳо барои пойдории кишвар яке аз кадрҳои мустаҳкам ва лаёқатманд ба ҳисоб мераванд. Бояд як чизро қайд кунем, ки гарчанде мо барои таҳсил дар кадом гӯшаю канори ҷаҳон низ бошем, фаромӯш насозем, ки мо аз насли тоҷик ҳастем ва фарҳангу ҳисси худшиносиву худогоҳии миллиамонро аз даст надиҳем. Бинобар ин вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мо ҷавонон истиқлолияти давлатамонро мустаҳкам карда, насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбият намудан аст. Аз ин сабаб агар хостгори ояндаи дурахшон бошем, аз имрӯз барои ободонии диёр камари ҳиммат бастанамон зарур аст.
Хулоса, фаромӯш набояд сохт, ки имрӯзу фардо ва пасфардои Ватани азиз дар дасти ҷавонони ватанпарвар аст ва суботкорону ояндасозонаш низ ҷавононанд.
Хайридинзода Исфандиёр,
Сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

