Терроризм ва экстремизм имрӯз аз мушкилоти ҷиддии ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Ин зуҳурот бо истифода аз зӯроварӣ ва таблиғи андешаҳои тундрав амнияти ҷомеаро халалдор мекунанд ва ҷони шаҳрвандони бегуноҳро зери хатар мегузоранд.
Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба тамоми кишварҳои ҷаҳон таҳдид карда, зиндагии осудаи сокинони сайёраро зери хатар гузоштааст.
Ҳарчанд барои решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб тамоми давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ мубориза бурда истодаанд, аммо хатари он торафт печидатар мешавад.
Ин омилҳо натанҳо ба суботи сиёсӣ ва иқтисодӣ зарар, балки ба ҳаёти осоиштаи мардум, фарҳанг ва арзишҳои инсонӣ низ таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ин рӯ, мубориза бо терроризм ва экстремизм яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат ва ҷомеа табдил ёфтааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии худ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро самти муҳими сиёсати давлатӣ қарор дода, пайваста ҷомеаи байналмилалиро ба ҳамкории фаъол дар муқобили ин зуҳуроти даҳшатовар даъват менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро самти муҳими сиёсати давлатӣ қарор дода, пайваста ҷомеаи байналмилалиро ба ҳамкории фаъол дар муқобили ин зуҳуроти даҳшатовар даъват менамояд.
То имрӯз аз ҷониби донишмандони соҳаҳои гуногуни илмӣ сабабу омилҳои пайдоиш ва паҳншавии терроризм ва экстремизм мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд.
Ба андешаи аксари олимон экстремизм дар заминаи дин бештар хусусияти ҷалбкунанда дорад. Дар баъзе ҳолатҳо ифротгароён зери шиорҳои динӣ баромад намуда, амалҳои худро ба дин нисбат медиҳанд. Аммо чунин амалҳо ҳеҷ иртиботе ба арзишҳои аслии динӣ надошта, танҳо барои сӯистифода аз эҳсосоти динии мардум истифода мешаванд.
Нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорон мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қавлу вуҷуди онҳо, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан, дигар андешаи солиме ҷой надорад.
Мо бояд ҳамеша зидди ин хатари глобалии ҷаҳон мубориза намуда, баҳри аз байн бурдани он дар байни ҷавонон чораҳои зарурӣ роҳандозӣ намоем.
Тошмухамедова Шаҳноза,
Сармутахассиси Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират

