Кафолати амнияти мо аз суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста аст. Аз ҳама муҳим дар ҷаҳони пуртазоди имрўза ҳифз намудани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, ҳувияти таърихӣ ва арзишҳои миллӣ вазифаҳое ҳастанд, ки иҷрои онҳо ба пойдории Тоҷикистони азизи мо мусоидат мекунанд.
Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи ҳодисаҳои номатлубанд, ки осудагӣ ва тинҷии ҷомеаи моро халалдор намуда, ба амнияти ҳар як мамлакат хатар эҷод мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви ҷомеаи ҷаҳонист, аз хатари таҳдидҳои навини ҷаҳонӣ эмин буда наметавонад. Ибтидои солҳои навадуми асри гузашта дар қаламрави кишвари мо бар асари нодонӣ, бетафовутӣ, бетаҷрибагӣ, камогоҳӣ бесарусомониҳо сурат гирифта, ҷанги шаҳрвандӣ ва бародаркуширо ба амал овард. Дар давоми соҳибистиқлолии кишварамон амалҳои зиддитеррористие ба вуқӯъ омаданд, ки амнияти кишварро халалдор намуданд.
Хушбахтона, имрўз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Дар шароити ҳозира моро зарур аст, ки масъалаи таълиму тарбияро дар ҷои аввал гузошта, имкониятҳои кишварро барои боло бурдани маънавиёти ҷавонон қарор диҳем.
Ҷомеаи моро зарур меояд, ки барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи он дастаҷамъона фаъолият барем ва барои ҳифз кардани амнияти миллӣ саъю талош намоем. Масъулиятнокӣ дар ҳифзи муқаддасоти Ватан, марзу бум, амният, зиракии сиёсӣ ва монанди инҳо ҷиҳати мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа масъулияти ҳар як нафар шаҳрванди кишвар аст.
Мо, шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ифротгароӣ ва терроризмро дар ҳама намуд маҳкум менамоем. Баҳри пешгирӣ аз вабои аср тамоми қувваю маҳорати хешро баҳри тарбияи ҷавонони арзандаи миллат равона менамоем. Онҳоро ба роҳи рост, донишандӯзӣ ва азбар намудани асосҳои донишҳои назариявӣ ва амалӣ равона месозем.
Гулмаҳмадзода Шамшод,
Сармутахассиси Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе