Маҳз фидокориҳои Пешвои муаззами миллат буданд, ки имрӯз Тоҷикистони азиз дар баҳори сиюпанҷумин истиқрори сулҳ баҳри ободиву осоиштагӣ ва созандагиву бунёдкорӣ умр ба сар мебарад.
Ҳанӯз, 26 июни соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба ифтихори даҳумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ гуфта буданд: “Барои мардуми мо ваҳдат бузургтарин ва арзишмандтарин неъмат ба ҳисоб рафта, он дар радифи Эъломияи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон неруи бузургу созанда ва сарнавиштсоз ба шумор меравад ва дар замони муосир бояд ин ду неъмати бебаҳоро аз ҳар гуна андешаҳои ифротӣ ҳифз карда, онҳоро азизу муътабар донем”.
Он рӯз, яъне ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро, ки мардуми тоҷик бесаброна интизор буданд, яъне 27-уми июни соли 1997-ро хуб ёд дорем.
Бо кӯшишу талошҳои пайгиронаи Ҳукумати мамлакат ва албатта, бо заҳматҳои беандозаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати таърихӣ – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии миллиро ҳамчун омили асосии наҷоти миллат ва давлат эълон намуд.
Баъди ба имзо расидани ин санади муҳимми таърихӣ дар мамлакати мо марҳалаи нав – марҳалаи сулҳу субот, ба Ватан ва хонаву кошонаи худ баргаштани гурезаҳо ва фирориёни иҷборӣ, инчунин давраи корҳои барқарорсозии харобаҳои ҷанг оғоз шуд.
Бо шарофати сулҳу субот ва иродаи матини мардуми шарифи Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар таъмини рушди муназзами иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишвар қадамҳои устувор гузорад.
Бояд қайд кард, ки дар ин раванди неку созанда Пешвои миллат пеш аз ҳама, ба ақлу заковат, мардонагии хеш такя кард. Зеро табиати миллати тоҷик аз сифатҳои дӯстиву рафоқат, ватанпарастиву садоқат ва дӯстдории фарҳангу маърифат сиришта шудааст ва ҳамин фазилатҳои худодод дар он айёми тақдирсоз нақши барҷаста бозиданд.
Дар он рӯзҳои сахту сангин яқин буд, ки идомаи ҷанги шаҳрвандӣ метавонад боиси пароканда шудани миллати тоҷик ва барҳам хӯрдани давлати ҷавони тоҷикон гардад. Дар чунин шароит роҳбарияти давлат бо эҳсоси масъулияти баланд барои ояндаи ватан ва халқи Тоҷикистон дар назди худ вазифа гузошт, ки бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳои имконпазир ҳарчи зудтар фазои сулҳу оромӣ ва амнияти миллиро дар саросари мамлакат таъмин созад.
Маҳз бо чунин нияти нек ва масъулияти ватандорӣ Пешвои миллат ҳамеша кӯшиш ба харҷ медод, ки ҳар як вохӯрии тарафҳои музокироти байни тоҷиконро, ки қариб чор сол идома ёфт, ба хотири пойдории сулҳу субот ва фазои эътимоду боварӣ, сабру таҳаммул ва эҳтироми тарафайн сафарбар созад. Дар ин айёми омодагӣ ба таҷлили ҷашни “Ваҳдати миллӣ” ба таърих ва саргузашту сарнавишти миллатамон назар афканда, аз дастовардҳо ва бурду бохти он ёдовар шудан зарур ва ҳатмӣ аст, ба он хотир, ки имрӯзҳо бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан наслҳои ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд, сабақ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ карда, ин неъмати олӣ – иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд. Зеро ғояҳои олии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки саросари ҷомеаи моро имрӯзҳо торафт бештар фаро мегирад, ормони азалӣ ва ҷамъиятии халқи бунёдкори мо маҳсуб мешавад.
Мутаассифона, на ҳама ҷангҳои шаҳрвандӣ чун Тоҷикистон дар сари мизи гуфтушунид ва бо сулҳу салоҳ, бахшиши гуноҳи тарафҳои даргир, оштии миллӣ, таъмини ҳузури мухолифин дар идоракунии давлат, ба ватан баргардонидани миллионҳо гурезагон ва дар натиҷа суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ, бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва ба вуҷуд овардани шароит барои фаъолияти созандагиву бунёдкорӣ ба анҷом мерасанд.
На ҳама сарварони давлатҳо ва тарафҳои даргир чун Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаи ба сари қудрат омадан кори худро аз сулҳ оғоз намуда, мақсади ниҳоии худро дар навбати аввал хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ арзёбӣ менамоянд. Аммо Сарвари давлати мо таҳмилӣ будани ҷанги шаҳрвандиро, ки мақсади он аз даст додан ва порча-порча кардани давлат ва бо ҳамин ба гирдоби фалокат дучор кардани халқи тоҷик буд, ба хубӣ мефаҳмид. Ӯ аз душворӣ наҳаросид, ҷиҳати рафъи он ба мардум такя кард. Бо як сарсупурдагӣ ва далерию матонат душвориҳоро қадам ба қадам паси сар карда, халқи худро ба ваҳдат наздик мекард, ба зербинои сулҳу ваҳдат заминаи воқеиро мегузошт.
Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар баробари ҷашни Истиқлолият барои миллати мо мартаба ва манзалати баланд дорад. Ваҳдати миллӣ тавонист, ки ҳам истиқлолият ва ҳам миллати моро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорад. Инро мо бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем ва дар ҳама ҷо барои тақвият ва рушди он саҳмгузор бошем. Ман гумон мекунам, ваҳдат он чизе нест, ки мо шодмонӣ кунем, ваҳдат ин кори ҳаррӯзаи мо – тоҷикон мебошад.
Маҳз Ваҳдати миллӣ буд, ки роҳҳои байни минтақаҳои мо кушода шуд, додугирифт байни ҳамдигар дар байни минтақаҳо хеле зиёд гардид. Ин рафтуомадҳо, додугирифтҳо, байни ҳамдигар хештуборӣ барқарор кардан ҳама аз натиҷаи ваҳдати сартосарии тоҷикон мебошад. Ва ин ҳама аз иқдомҳои Президенти мамлакат аст, ки кадрҳои як минтақаро дар минтақаи дигар роҳбар таъин мекунанду ба ин васила мардумро якдилу якмаром менамоянд. Ин ҳама натиҷаи ба миллат табдил ёфтани мо мебошад, ки зери Ваҳдати миллӣ ҳамфикру ҳамақидаву ҳамзамир шудем.
Бигзор, миллати тоҷик фарҳангҳои миллию маҳаллии худро дошта бошад, ин хуб аст, аммо ин ҳама боз ба ҳам биоянд, мо хеле пеш меравем. Ин ҳама гулҳои гуногуне ҳастанд, ки дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон мерӯянд, агар ҳамаи онҳоро мо ба ҳам биёрем, як гулдастаи бисёр зебое месозем, ки Ваҳдати миллӣ ном дорад.
Ҳифзи дастоварди нодир ва таърихии халқамон яъне Ваҳдати милли вазифаи аввалиндараҷаи тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
Олимзода Сироҷиддин,
Сардори Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Хадамоти муҳоҷират