Имрӯз терроризм ва экстремизм чун ҳаракатҳои хатарзо боиси ташвишу нигаронии кишварҳои олам гардидаанд. Шаклҳои зуҳури онҳо гуногун буда, дар замони муосир бештар чунин намудҳо ба назар мерасанд: инфиҷор дар фурудгоҳҳо ва ҷойҳои серодам, барҳам додани иншооти муҳими стратегӣ, гаравгонгирӣ, тарғиби тарсу ваҳм миёни мардум, паҳн кардани нобоварӣ ба фардо ва таҳдид бо куштор.
Терроризм ва ифротгароӣ бештар миёни табақаҳои мухталифи ҷомеа, хоса ҷавонон бинобар бетаҷрибагии онҳо паҳн шуда, яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият гардидааст. Ин амалҳои номатлуб оқибат ба бесуботӣ, вайронкорӣ ва ноамнии сиёсиву иҷтимоӣ оварда мерасонанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми зуҳуроти номатлуби замони муосир, махсусан терроризм ва экстремизми диниро қатъиян маҳкум менамояд. Гурӯҳҳои ифротӣ ҳамчун вабои аср имрӯз хусусияти ҷаҳонӣ касб карда, таҳдидҳои наву сангин барои ҷомеаи башарӣ ба миён овардаанд.
Мубориза бо ин гурӯҳҳои террористию ифротгаро кори як идора ё сохтор набуда, вазифаи ҷонии ҳар як фарди худогоҳ ва миллатдӯст мебошад. Бояд дарк намоем, ки баъзе қувваҳои хориҷӣ бо истифода аз дини мубини Ислом, ки ойини покиву таҳаммулгароист, мардумро фиреб дода, бо амалҳои террористӣ хуни ноҳақ мерезанд ва суботу оромии ҷомеаро халалдор месозанд.
Ҳар як шаҳрванди баору номуси ҷумҳурӣ бояд дарк кунад, ки ошкор ва пешгирӣ намудани чунин амалҳои хатарзо танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест, балки рисолати ҳар як фарди ватандӯст мебошад. Зиракии сиёсиро аз даст надода, набояд ҳеҷ кас фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ гардад.
Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ, пойдории суботи сиёсӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ҳамаи мо бояд якдилу якҷон бошем, дар канори мақомоти давлатӣ истода, барои ҳифзи ҷомеа аз ин вабои аср саҳми арзандаи худро гузорем.
Мо ҳамеша терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин, барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани азиз ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи давлату ҳукуматро ҷонибдорӣ мекунем.
Авазов М, Корманди масъули шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” ва “Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе”-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе