Дар замони имрӯза терроризму ифротгароӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.
Айни замон марбут ба амалҳои террористӣ вазъи сиёсӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад.
Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст.
Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузоришаванда ба мушоҳида мерасад.
Пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.
Бояд таькид кард, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 – ум доштанд, даст накашидаанд.
Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.
Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд.
Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.
Барои ин ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамарӯза бо баробари омӯхтани донишҳои замони муосир баҳри баланд бардоштани савияи дониши сиёсиву ҳуқуқии хеш тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ин роҳ баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гуруҳҳои номатлуб саҳми арзандаи худро гузошта бошанд.
Сироҷов Исфандиёр,
иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон