Имрӯз яке аз зуҳуроти нафратовари хатарнок – терроризм ва ифротгароӣ, дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо карда истодааст. Зери фишори неруву унсурҳои бегона ва аз байн рафтани низоми давлатдории як қатор кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлоли давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст.
Аксари созмонҳои ифротгароӣ, алалхусус мубалиғони яке аз созмони байналмилалии тундрави исломгаро бо номи “Давлати исломии Ироқу Шом” (ДИИШ, ДОИШ) ва ё бо номи “Давлати исломӣ”, ташкилоти террористии “Ал-Қоида” шабакаҳои иҷтимоиро чун яроқи муосир – идеологӣ васеъ истифода бурда, бештар аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ, алалхусус шаҳрвандони Осиёи Марказӣ-ро гумроҳ намуда, сафҳои худро зиёд намуданашон ба назар мерасад.
Таблиғи ғояҳои радикалӣ, бештар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Facebook, Instagram, VKontakte, Twitter, Tumbler, Telegram, Youtube татбиқ карда мешавад. Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки ҳаштод фоизи ҷавонон, ки дар терроризм, алахусус дар ДИИШ даст доранд, мустақиман дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб карда шудаанд. Аз ин лиҳоз, масъалаи ҷалби ҷавонон ба сафи ҷунбишу ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳхои террористӣ, инчунин иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ, ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил шудааст.
Аз ин лиҳоз, хуб мешуд, падару модарон аз оғоз ба тарбияи дурусту мақсадноки фарзандон таваҷҷуҳ намоянд. Умуман, раванди афзоиши паҳншавии ақидаҳои ифротӣ, гаравидан ва пайвастани ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва террористӣ, моро водор месозад, ки бар зидди ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон барем. Мо набояд фаромӯш созем, ки мубориза бар зидди ин хатар на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст. Ҳар як фарди кишвар, кулли ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияву созмонҳои ғайридавлатӣ бояд дар ин самт фаъол бошанд ва ҳамарӯза дар таҳкиму пойдории сулҳу ваҳдати миллати кишвар саҳмгузор бошанд. Моро зарур аст, ки насли ҷавонро дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намуда, онҳоро ҷиҳати аз худ намудани донишҳои муосир талқин намоем.
Имрӯз ҳар як фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамеаро ташкил медиҳанд мебояд ба ин афкори манфур фирефта нашаванд, дар ҷустуҷӯи омӯзиш ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии худ бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд. Чунки суботу амнияти Тоҷикистон, устувории суботу амнияти минтақа ва ҷамеаи ҷаҳонӣ аст.
Қаноатова Миҷгона,
Мутахассиси Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират

