• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Муқовимат алайҳи терроризм вазифаи мост

Migration Service by Migration Service
14.08.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Муқовимат алайҳи терроризм вазифаи мост
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Яке аз масъалаҳое, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишвари моро ба ташвиш овардааст, терроризм ва экстремизм мебошад.

Ин зуҳуроти номатлуби замони муосир ба мисли микроби зараровар боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш дар дилхоҳ ҷомеа гардида, сулҳу субот, оромӣ ва пешравиҳои иқтисодиву иҷтимоиро халалдор месозад ва дар миёни кишварҳои дӯсту ҳамсоя низоъҳо бармеангезад.

Ба ҳамин хотир, имрӯзҳо бар зидди ин вабои аср ҷомеаи ҷаҳонӣ муборизаи дастаҷамъона мебарад.

Имрӯз аҳли ҷомеа дар тарбияи насли наврас нақши босазо доранд. Баҳри самаранокии таълиму тарбияи муҳассилин бояд чорабиниҳо, конфронсҳо, вохӯриҳо, саёҳат ба ҷойҳои таърихӣ, озмунҳо мунтазам ва мақсаднок ташкил ва гузаронида шавад.

Яке аз шаклҳои самарабахши он ташкили соати тарбияӣ мебошад.

Терроризм амали нангинест, ки ҷомеаи ҷаҳониро сахт ба ташвиш овардааст. Ҳамасола ҳазорон нафар одамони бегуноҳ аз амали террористон ҷони ширини худро аз даст медиҳанд.

Террористон ба ягон миллату дину мазҳаб мансуб набуда, онҳо амалҳоеро иҷро мекунанд, ки иборат аз куштору сӯхтор, инфиҷор ва даҳшатфиканист.

Онҳо ҷою макони асосӣ надоранд, мудом аз як ҷо ба ҷойи дигар мераванд, ва ҷавонони фирефтаро ҳам ба худ мегиранд. Онҳоро бо ҳар восита тобеи худ гардонида, аз падару модар, зану фарзандонашон ҷудо месозанд.

Ҷавононе, ки ба доми онҳо афтодаанд, дигар бозпас гаштанашон ғайриимкон мегардад. Онҳо зуд пушаймон мешаванд, ки аллакай дер шудааст ва он барояшон суде надорад.

Қобили зикр аст, ки наврасон ва ҷавонон табақаи муҳими ҷомеа буда, онҳо созандагони Ватан ба ҳисоб мераванд. Ҷавонон вазифадоранд, ки ҳамеша зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, зеро ки ояндаи Ватан ва ободии он дар оянда бар дӯши онҳост.

Бояд хотирнишон кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тарбия ва ташаккули ҳамаҷонибаи ҷавонон сол то сол тамоми шароитро муҳайё месозад.

Барои инкишофи маънавии наврасону ҷавонон соле даҳҳо мактабҳои типи нав, истироҳатгоҳҳо, бӯстонсаройҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ ва ғайра бунёд мешаванд.

Вазифаи ҷавонону наврасон хондан, баланд бардоштани донишу маърифат ва саҳм гузоштан дар ободии Ватан аст. Мо бояд ҷавононеро, ки зери таблиғоти ҳасмонаи бегонагон қарор мегиранд, ба роҳи дуруст ҳидоят намуда, мафҳуми терроризму экстремизмро фаҳмо ва равшан созем.

Ҷавонону наврасони мо вазифадоранд дар пешгирии ҳар як зуҳуроти зараровару нангин нақши муассир дошта бошанд.

Алии Эмомалӣ,
сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷаи Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Маърифати ҳуқуқӣ – пояи устувори ҷомеа

Next Post

Заминаи ҳуқуқии мубориза бар зидди экстремизм

Next Post
Заминаи ҳуқуқии мубориза бар зидди экстремизм

Заминаи ҳуқуқии мубориза бар зидди экстремизм

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.