Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи ҳодисаҳоеанд, ки осудагӣ ва тинҷии ҷомеаро халалдор намуда, ба амнияти ҳар як мамлакат хатар эҷод мекунад. Шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем.
Дар шароити ҳозира моро зарур аст, ки масъалаи таълиму тарбияро дар ҷои аввал гузошта, имкониятҳои кишварро барои боло бурдани маънавиёти ҷавонон қарор диҳем. Кафолати амнияти мо аз суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста аст. Аз ҳама муҳим дар ҷаҳони пуртазоди имрўза ҳифзи дастовардҳои давлатӣ, арзишҳои миллӣ вазифаҳое ҳастанд, ки иҷрои онҳо ба пойдории Тоҷикистони азизи мо мусоидат мекунанд.
Ҷомеаи моро зарур меояд, ки барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи он дастаҷамъона фаъолият барем ва барои ҳифзи амнияти миллӣ саъю талош намоем. Масъулиятнокӣ дар ҳифзи муқаддасоти Ватан, марзу бум, амният, зиракии сиёсӣ ва монанди инҳо ҷиҳати мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа масъулияти ҳар як нафар шаҳрванди кишвар аст.
Ифротгароӣ дар кадом шакле набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа ва Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳамагон муборизаи дастҷамъона барем.
Додихудоева Дилафрӯз,
Мутахассиси пешбари бахши молия ва хоҷагидорӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе