Ифротгароӣ – зуҳуроти номатлубест, ки на танҳо барои кишварҳои алоҳида ё минтақаҳои муайян, балки барои тамоми сайёра ва ҷомеаи осоишта хатари бузург дорад. Чӣ бояд кард, то ҷавонони мо фирефтаи таблиғоти ин созмону ҳаракатҳои характери ифротиву террористидошта нагарданд? Ин суолест, ки ҷомеа имрӯз ба он посух меҷӯяд.
Ифротгароӣ – ин экстремизм аст. Дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” маънии калимаи «ифрот» чунин оварда шудааст: аз ҳад гузаштан, зиёдаравӣ кардан, аз андоза берун баромадан. Маънии калимаи лотинии extremus низ қариб айнан ҳамин чиз аст: амале ё ақидаеро ба ҳадди ифрот расонидан, ба ақидаҳои ба ҳадди ифрот расонидашуда пайравӣ кардан мебошад.
Барои анҷом додани амалҳои носолими худ ин гурӯҳҳои даҳшатангез асосан аз нерӯи ҷавон ва махсусан ҷавонони дорои дониши нокифоя ва ноогоҳ истифода мекунанд ва онҳоро бо ҳар роҳу восита ба доми худ мекашанд.
Шароити мураккаби ҷаҳони муосир баҳри ҳифзи манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ назди ҷавонон вазифаҳое истодаанд, ки иҷрои онҳо баҳри таҳкими истиқлолият ва бақои давлату миллат аҳамияти бузургеро доро мебошанд. Бахусус, аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва ҳушёрӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мегардад.
Барои насли ҷавон ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, боло гузоштани арзишҳои миллӣ аз ҳама гуна манфиатҳои шахсӣ бояд нуктаи меҳварӣ бошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои доғи рӯз, яъне экстремизму терроризм заминаи зарурии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, дар ин самт, пеш аз ҳама, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.
Дар давраи истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии сатҳи гуногун дар самти мубориза бар зидди экстремизму терроризм таҳия ва қабул шудаанд. Аз ҷумла, инҳо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025 ва нақшаи амал оид ба амалисозии он» ва дигар санадҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии эътирофнамудаи Ҳукумати мамлакат мебошанд.
Тошева Фирӯза,
Корманди бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳринав