• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Migration Service by Migration Service
10.03.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар ҷомеаи муосир яке аз хатарҳои ҷиддие, ки арзишҳои олии инсонӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандонро таҳдид мекунад, савдои одамон дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шакли муосири ғуломӣ таҳти таваҷҷуҳи ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад. Ин ҷиноят ба озодӣ, шаъну шараф ва ҳуқуқи асосии инсонҳо зарба мезанад ва дар қатори ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ҷой дорад. Ҳар сол ҳазорҳо нафар – асосан занон, кӯдакон ва муҳоҷирон қурбонии ин падида мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ низ дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб чораҳои муҳим меандешад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки “Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини зиндагии шоистаи мардум ва пешгирии ҳама гуна қонуншиканиҳо вазифаи муқаддаси давлат ва ҷомеа мебошад”. Аз ин рӯ, омӯзиш ва таҳлили масъалаи муқовимат ба савдои одамон барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва таҳкими амнияти миллӣ аҳамияти калон дорад.

 Тибқи муқаррароти моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” савдои одамон – хариду фурӯши одам ва ё нисбат ба ӯ анҷом додани дигар аҳдҳои ғайриқонунӣ, ҳамчунин новобаста аз розигии қурбонӣ бо мақсади истисмори ӯ ё бо дигар тарз гирифтани фоидаи ғайриқонунӣ пешниҳод намудан, ҷалб кардан, интиқол, пинҳон кардан, супоридан ё гирифтани одам бо истифодаи маҷбуркунӣ, рабудан, фиреб, сӯиистифода намудани гунаҳгор аз вазъи хизматии худ, сӯиистифода аз боварӣ ё ҳолати оҷизии қурбонии савдои одамон ва ё ришвадиҳӣ ба шахсе, ки қурбонӣ таҳти вобастагии ӯ қарор дорад, дар бар мегирад.

Шаклҳои маъмултарини савдои одамон, ин фиреби муҳоҷирон барои меҳнати иҷборӣ, фоҳишагардонии маҷбурӣ, савдои кӯдакон барои кори иҷборӣ, гадоӣ ё фурӯш, фурӯши узвҳои инсон бо роҳи ғайриқонунӣ ва издивоҷҳои маҷбурӣ бо нияти истисмор мебошад. Ин ҷиноятҳо бештар тавассути ваъдаҳои бардурӯғ дар бораи кори сердаромад, таҳсил ё издивоҷ амалӣ мегардад.

Савдои одамон бештар дар натиҷаи омилҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ паҳн мешаванд, ки сабабҳои он ин сатҳи пасти зиндагӣ ва камбизоатӣ, бекорӣ ва муҳоҷирати меҳнатии назоратнашуда, норасоии маълумоти ҳуқуқӣ дар байни шаҳрвандон, ҷалбшавии осон ба ваъдаҳои бардурӯғ ба вуҷуд меояд. Дар баробари ин, савдои одамон оқибатҳои харобиовар дорад, чунончӣ барои қурбониён аз даст додани саломатӣ, изтиробҳои равонӣ, поймолшавии шаъну шараф ва ҳуқуқҳои инсонӣ, барои ҷомеа афзоиши ҷинояткорӣ, беадолатӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ ва барои давлат зарар ба иқтисод, пастшавии эътибори байналмилалӣ ва таҳдид ба амнияти миллӣ.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали истиқлолият оид ба мубориза бар зидди савдои одамон аҳамияти хоса дода, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон”, Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳоро дар ин самт қабул намудааст.

 Савдои одамон ҷинояти вазнин ва ғайриинсонӣ аст, ки муқовимат ба он танҳо бо талоши ҳамагон имконпазир мебошад. Пешгирӣ, ошкорсозӣ ва ҷазо додани ҷинояткорон, инчунин ҳимояи қурбониён бояд ҳамеша дар мадди аввали сиёсати давлатӣ қарор дошта бошад.

 Ҳамин тавр, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дар мубориза бо ин падида саҳмгузор бошад, зеро танҳо бо ҳамбастагӣ ва талоши муштарак метавон аз ин хатар эмин монд ва ҷомеаи озоду адолатпеша бунёд кард.

Раҷабов Зоҳир,

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан                                   

Previous Post

Суҳбату вохӯриҳои судманд бо сокинони ноҳияи Ванҷ

Next Post

Савдои одамон – хатар ба ҷомеаи имрӯз

Next Post
Савдои одамон – хатар ба ҷомеаи имрӯз

Савдои одамон – хатар ба ҷомеаи имрӯз

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.