Мусаллам аст, ки ифротгароии динӣ аз ҷаҳолат ва хурофотпарастӣ маншаъ мегирад. Дар замони муосир ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ таблиғоти густурда ба роҳ мондаанд, ки маҳаки асосии чунин таълимот ташкили хилофати исломӣ аст. Дар ниқоби дини ислом шахсони ҷоҳил ва хурофотпараст пинҳон мебошад, ки дар сар андешаҳои зиддимиллӣ ва зиддидавлатӣ мепарваранд. Бинобар ин ҳар яки мо вазифадорем, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии ба қимати ҷони даҳҳо ҳазор ҳамватанонамон бадастомадаро ҳифзу эҳтиёт кунем ва дар шароити бесуботи ҷаҳон барои ҳимояи истиқлолу озодии давлат ва Ватани маҳбубамон ҳамеша кӯшишу талош намоем.
Чӣ тавре, муҳтарам Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, “Мо китоби Қуръони Маҷидро ба забони кириллӣ чоп кардем то мардум онро хонанд, донанд ва ба тақлиди кӯр кӯрона роҳ надиҳанд”. Дар ҳақиқат имрӯзҳо баъзе нафароне, ки ба фиреби гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мешаванд, ки маълумоти пурраи дини надоранд, аз гузаштаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик бохабар нестанд. Мақсади муҳтарам Пешвои маҳбуби миллат дар он аст, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки аз гузаштаи пурифтихори миллаташ, бохабар бошад ва ҳувияту ифтихори миллӣ дошта, ҳуввияти миллияш аз ҳуввияти динӣ боло бошад, он вақт метавонад худро аз фиреби гурӯҳҳои ифродгарои динӣ ҳифз намояд.
Мо бояд бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, радикализм ва хурофоту таассуби динӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин ифротишавии ҷомеа мубориза барем.
Меъмори давлатдории навини тоҷикон, муҳтарам Президенти кишварамон, барҳақ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат эътироф гардидаанд, ба ақлу заковати азалии мардум такя намуданд, зеро табиати миллати тоҷик аз сифатҳои дӯстию рафоқат, фарҳангу маърифат ва ватандӯстию садоқат сиришта шудааст ва маҳз ана ҳамин фазилатҳо дар он айёми тақдирсоз нақши барҷаста бозиданд. Мардуми мо, аз ҷумла наврасону ҷавонон, ки насли ояндасози кишвар мебошанд, бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки баъзе хоинони миллату давлати тоҷикон ва хоҷагони хориҷии онҳо ҳанӯз аз ниятҳои душманона ва ҷоҳилонаи худ даст накашидаанд. Мову шумо хуб медонем, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат, ин нишонаи сатҳи пасти саводу маърифат мебошад, ки ҳамеша бадбахтӣ меорад, дар роҳи пешрафту тараққиёти давлат ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад. Бар ҳақ Муҳтарам Сарвари давлат дар паёми навбатиашон таъкид намуданд, “Агар мо хоҳем Ватани обод дошта бошем, бояд кӯшиш намоем, ки фарзандони мо соҳиби илму маърифат ва саводи кофӣ бошанд”.
Бояд гуфт, ки ҳамқадами замон шудан ва дуруст истифода бурдан аз дастовардҳои илму технологияҳои муосир, дар пешрафти онҳо нақш гузоштан, инчунин, муаррифӣ намудани давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба чигунагии муносибат ба илмҳои дақиқу риёзӣ вобастагии зиёд дорад. Аз ин лиҳоз, рушди соҳаи маориф дар давраи соҳибистиқлолӣ собит месозад, ки дар ин марҳала низоми босуботи маориф ба вуҷуд омада, насли бомаърифат, хештаншинос ва ватандӯст ба камол расид. Вале дар барораби ин, соҳаи маориф ва илми кишвар имрӯз аз мову шумо фаъолияти боз ҳам бештару масъулона ва дигаргуниҳои куллиро талаб менамояд. Агар мо хоҳем, ки дар оянда миллати босаводу пешрафта бошем, давлати аз лиҳози илмӣ ва техникиву технологӣ тараққикарда дошта бошем ва сатҳи зиндагии ҷомеаро бомаротиб баланд бардошта тавонем, бояд масъулият ва сатҳи касбияти омӯзгоронро баланд бардорем.
Имрӯз мо вазифадорем, ки Паёми навбатии Президенти мамлакатамонро дафтари рӯйи мизии худ намуда, доим ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем ва барои ҳимояи муқаддастарину бузургтарин неъмати ҳастию зиндагиамон, яъне истиқлолу озодии кишварамон фаразандонамонро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоем ва барои ҳифзи марзу буми Ватани соҳибистиқлоламон Тоҷикистон саҳмгузор бошем.
Хайридинзода Исфандиёр,
Сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

