Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия ва Рӯзи байналмилалии муҳоҷир дар литсейи касбӣ – политехникии №44-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Абдуҷамил Сатториён, муовини сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд, Ҳотам Маҳмудов, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Манзурат Сатторова, сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд ва омӯзгорону хонандагони ин муассисаи таълимӣ мулоқот баргузор гардид.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Ҳотам Маҳмудов дар ҷаласа баромад намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки мулоқоти мазкур баҳри татбиқи нишондодҳои Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 сурат гирифта, ҳадаф аз баргузории он пешгирӣ намудан аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз қабили амалҳои коррупсионӣ, суйистифода аз вазифа, гирифтани пора, қабули қарори хусусияти коррупсионӣ дошта мебошад.
Таъкид шуд, ки коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб меёбад. Муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи он раъйи қавии сиёсӣ, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.
Коррупсия яке аз монеаҳои ҷидди барои рушди субботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯйи Давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норозигии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад. Дар илми ҳуқуқшиносӣ мафҳуми коррупсия ҳамчун амали зиддиҳуқуқӣ ва кирдори хавфноки ҷамъиятӣ эътироф карда мешавад.
Абдуҷамил Сатториён, муовини сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ва Манзурат Сатторова, сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд низ баромад намуда, иброз доштанд, ки тайи ду даҳсола муҳоҷирати меҳнатӣ ба раванди умумиҷаҳонӣ ва падидаи глобалӣ табдил ёфта, шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар панҷоҳ соли охир аз 60 то ба 215 миллион нафар афзудааст. Тибқи пешбиниҳои СММ, то соли 2050 теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷаҳон ба 405 миллион нафар хоҳад расид.
Тавре аз гузориши СММ бармеояд, муҳоҷирати меҳнатӣ барои таъмину тақсимшавии мутаносибан баробари қувваи корӣ дар тамоми ҷаҳон кумак намуда, аз ҳисоби мубодилаи малака ва касбу кор барои пешбурди ҷараёни рушди истеҳсолоти инноватсионӣ мусоидат мекунад. Яъне, муҳоҷирон ба давлатҳои мутараққӣ ба кор рафта, дар ҷараёни фаъолият технологияҳои навро аз худ мекунанд.
Ин матлабро таҳлилгарони созмонҳои байналмилалии меҳнат ва муҳоҷират низ таъкид карда, зикр намудаанд, ки истифодаи самараноки муҳоҷирати меҳнатӣ ҳам ба кишвари қабулкунанда ва ҳам ба давлати интиқолдиҳандаи он манфиати калони иқтисодӣ меорад. Бинобар ин мо муҳоҷирати меҳнатиро чун як падидаи маъмули замона бояд дарк ва қабул намоем.
Дар ҷараёни мулоқот аз ҷониби хонандагон намоиш оид ба мавзӯъҳои матраҳшуда манзур карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд