Коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ буда, омӯзиши ҷиддӣ ва мунтазам, муносибати махсус, муқобилияти комплексӣ ва оперативиро талаб менамояд. Яке аз масъалаҳои харобкунандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи масъалаҳои иқтисодӣ ин коррупсия ба шумор меравад. Ин бадбахтиро мо метавонем дар тамоми соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҳаётӣ, бахусус илм, фарҳанг, бонкдорӣ, хариду фурӯши қоғазҳои қимматок, молия, хоҷагидорӣ ва ҳатто варзиш мушоҳида менамоем. Ин мушкилотро мо метавонем яке аз масъалаҳои глобалӣ эълон намуда, дар роҳи несту нобуд ва решакан намудани он тамоми саъю кӯшишро ба харҷ диҳем.
Имрӯз ин мушкилот тавонистааст, ки дар кишвари мо тухми худро кошта амалҳои зидди фасоди худро зиёд намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин масъала бетарафӣ накарда дар давраи рушду нумӯъ намудани он ду маротиба қонунҳои махсуси соҳавӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” аз 25-уми июли соли 2005, ки айни ҳол аз эътибор соқит дониста шудааст ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” аз 7-уми августи соли 2020, №1714-ро қабул намуд.
Ҳамзамон, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2007, №143 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ниҳоди мазкур ҳамчун мақоми ваколатдори назорати давлатии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ буда, назорати давлатии молиявиро оид ба истифодаи самарбахши маблағҳои давлатӣ ва молу мулки давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳҳои огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои коррупсинӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, инчунин дигар вазифаҳоеро, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, иҷро менамояд.
Ҳамчунин, аз тарафи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои миллии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, зери таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат қарор дорад. Баъд аз соҳибистиқлол гаштан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар душвориҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ ба проблемаҳои коррупсия рӯ ба рӯ гардид. Сабабҳо ва омили асосии густариши корупсия дар ҷомеаи мо аз як тараф паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва сатҳи зиндагии мардум, аз тарафи дигар омода набудани мардум ба иқтисодиёти бозоргонӣ ва дарк накардани қоидаҳои он буд. Албатта, паҳн гаштани коррупсия дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа Ҳукумати кишварро ба ташвиш оварда буд, зеро раванди демократикунонии ҷомеа дар рӯ ба рӯи коррупсия дар ҳолати осебпазирӣ қарор дошт. Аз ин рӯ, бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ислоҳотҳои ҳуқуқӣ дар самти танзими сохтори қонунҳо рӯйи кор омад ва барои мубориза бо коррупсия чораҳои зарурӣ андешида шуданд.
Баъди бомуваффақият имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, 8 сентябри соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти иқтисодии миллиро ҳамчун моҳият ва ҳадафи мубориза бар зидди коррупсия дарк намуда, ақидаи муҳими сиёсати зиддикоррупсионии давлатро иброз намуданд: “Барои мо муҳим аст, ки барои хотима ёфтан ба порахурӣ, талаву тороҷ кардани амволи давлатӣ, амвол ва саҳмияҳои халқ ва дигар ҷиноятҳои вазнин ба ягон кас, ба ягон мансабдор, сарфи назар аз обуруй ва заҳматҳои қаблӣ сустқавлӣ нанамоем. Вақте омад, ки аз бахшишҳои нодаркор ва саривақтӣ набуда, ки баъзе мансабдорон аз ҳадди вазифаҳои худ берун мебароянд, рад намоем, пурқувватӣ, абарқудратии давлат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро нишон диҳем. Ин ақидаро бо масъулияти бузург изҳор намуда, кушода мегӯям: давлат барои хиёнати иқтисодӣ, амалҳои зиддиконститутсионӣ, поймолкунии манфиатҳои халқ ва миллат ягон касро намебахшад”. Дар партави ин иқдом, ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999 № 1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)”, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” аз 10 декабри соли 1999 заминаи марҳилаи сифатан нави мубориза ба ин падидаи номатлуб ибтидо гузошт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли сипаригашта чунин баён доштанд: “Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад. Дар ин раванд, то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд.
Амалҳои коррупсионӣ асосан бештар дар байни кормандони давлатӣ ва шахсони мансабдор ба вуқӯъ мепайвандад. Онҳо бо роҳи суйистифода аз ваколатҳои хизматӣ амалҳои худро иҷро менамоянд. Амалҳои коррупсиониро ҳамчун амалҳои “фасод”, “пораситонӣ”, “сӯдхӯрӣ”, “хушомад задан”, низ мегуянд. Роҳбарияти давлат дар роҳи решакан ва паст кардани шиддати ин амали фассод дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ карда, тамоми тадбирҳоро амалӣ намуда истодааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки коррупсия бояд дар қонунгузории ҷиноятӣ ва маъмурӣ ба таври пурра ҷой дода шуда бошад. Зеро аз рӯи ҳолатҳои коррупсионӣ дида мешавад, ки он ба ҷазои ҷиноятӣ рост наомада барои ин гуна ашхос ҷазои маъмурӣ таъин намуда ва аз вазифаи хизматӣ озод карда мешаванд. Ҳадафи асосии мо дар самти пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои коррупсионидошта ин аст, ки аз иштироки васеи аҳолӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма истифода намуда, оқибатҳои ин мушкилоти ҷомеаи ҷаҳониро ба шаҳрвандон бояд фаҳмонем.
Ахмедҷонова В,
Мутахасси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд