• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Uncategorized

Муқовимат бо терроризм ва экстремизм

Migration Service by Migration Service
01.10.2024
in Uncategorized
0
Мулоқоти судманд бо хатмкунандагон ва касбомӯзон
307
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Воқеан, ин ду мафҳум – терроризм ва экстермизм имрӯзҳо дар маркази диққати тамоми ҷаҳониён қарор дорад.

Ҳама шоҳид гардидему дидем, ки ин амалҳо чӣ гуна монеаи пешрафти кишварҳои мутараққӣ, сабаби қатли ҳазорон кӯдаки бегуноҳ ва аҳолии осоишта гардиданд.

Ба ҷуз ин, бар сари ҳазорон хона харобӣ овард ва мардуми зиёде фирорӣ шуданд.

Террористон баҳри амалӣ кардани ҳадафҳои нопоки худ аз таълимоти дини мубини ислом мунҳарифона сӯистифода намуда, исломро ба сиёсат омезиш медиҳанд ва ба амалҳои нопок даст мезананд.

Ҳол он ки дин ҳамчун ойини муқаддасу пок набояд ба сиёсат вобаста ва ё омехта бошад.

Боиси нигаронист, ки солҳои охир шахсони сода ва зудбовар фирефтаи суханони дурӯғини чунин бадхоҳону бадандешон шуда, ба гурӯҳҳои террористӣ ва равияҳои номатлуб мепайванданд.

Ходимони дин барои гирифтани пеши роҳи ифротгароӣ қарзи имонӣ ва рисолати шаҳрвандии худро бояд иҷро намояд.

Кор дар ин самт тавре ба роҳ монда шавад, ки барои ифротӣ шудани як нафар ҳама эҳсоси масъулият дошта бошанд, аз раиси шаҳру ноҳия сар карда, то раиси маҳалла, ходими дин ва волидайну омӯзгорон дар назди қонун ва ҷомеа эҳсоси ҷавобгарӣ намоянд, – зикр гардид дар маҷлиси санаи 9-уми марти соли 2024 бо аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар доир гардида.

Терроризм ва экстермизм аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.

Аз ин рӯ, ҳар шаҳрванди огоҳи мамлакат бо фаъолмандии худ бояд барои пешрафти бештари Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошад.

Ҳамчунин, огоҳии мардум, хоса ҷавонон аз маърифати ҳуқуқӣ боиси зиракии сиёсии онҳо шуда, дар натиҷа амнияти кишвар қавӣ мегардад, гурӯҳҳои тундраву ифротӣ онҳоро истифода бурда наметавонанд.

Пас, огоҳии бештари ҳуқуқӣ тадбири бениҳоят муҳими пешгирӣ аз ҳар фоҷеа маҳсуб меёбад.

Донистани қарору қонун ва риояи он дар ҷомеаи мо метавонад шаффофияти муносибатҳоро дар ҳама самтҳои давлатдорӣ таъмин намояд ва барои устувории сулҳу ваҳдати миллӣ, некӯаҳволии аҳли ҷомеа ва худшиносию худогоҳии мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла насли ҷавону наврвс, ки ояндаи миллатанд, саҳм гузорад.

“Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024 мо, зиёиён,  аҳли илм, фарзандони содиқи Ватанро вазифадор менамояд, ки содиқона дар роҳи ободию шукуфоии Ватан, тарбияи ҷавонони бонангу номуси Ватан, меҳнатдӯсту ифтихори миллидошта, саҳми назаррас гузорем.

Зеро қувва ва неруи асосии пешбаранда дар ҳама давру замон маҳз насли ҷавони ҳар як кишвар ба шумор меравад.

Миралиев Меҳмонбахтӣ,

мутахассиси пешбари бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Забони тоҷикӣ – забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Next Post

Амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм

Next Post
Амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм

Амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.