• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Муқовимати дастаҷамъона алайҳи коррупсия

Migration Service by Migration Service
01.08.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Муқовимати дастаҷамъона алайҳи коррупсия
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Коррупсия аз ҷумлаи амалҳои номатлубе мебошад, ки садди рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мегардад. Муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бояд бар зидди он дастҷамъона мубориза барем.

Ба шарофати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуда, дар амалишавии он тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо зидди ин зуҳуроти номатлуб фаъол гардидааст.

Дар ин росто фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, масоили муборизаю муқовимат алайҳи он ҳамеша аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, махсусан бонуфузтарини онҳо – Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф карда шудааст. Ҳамин буд, ки 31 октябри соли 2003 “Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия” қабул карда шуд, ки дар он принсипҳои асосии мубориза бо коррупсия, номгӯи чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсионӣ, чораҳои пешгирии коррупсия барои давлатҳои аъзо пешбинӣ шудаанд. Дар ин замина 9-уми декабр ҳамчун “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия” бо ташаббуси Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттахид дар тамоми ҷахон эълон карда шуд.

Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат ба коррупсия ҳуҷҷати мазкурро 25 сентябри соли 2006 пазируфта, онро 16 апрели соли 2008 тасдиқ намуд.

Инчунин, бо мақсади муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зидикоррупсионии давлат ва муборизаи бевосита бо коррупсия, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба раванди муқовимат ба он дар заминаи Конвенсияи зикршуда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 мақомоти махсусгардонидашуда – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумхурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Вазифаҳои асосии ин мақомот аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳои сиёсати зиддикоррупсионии давлатӣ иборат мебошад.

Барои мустаҳкам намудани сиёсати зиддикорупсионӣ ва таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии мубориза бо коррупсия санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд. Аз ҷумла, таҳия ва ду маротиба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” аз 11 декабри соли 1999 ва аз 25 июли соли 2005, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” аз 28 декабри соли 2012, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” аз 7 августи соли 2020, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006 қабул намудани “Дастурамали баҳисобгирии омории ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва феҳристи чунин ҷиноятҳо” ва дигар санадҳои зериқонунӣ аз ҳамин қабиланд.

Рӯзмарра ва мубрам будани масъалаи баррасишавандаро ба инобат гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат ба коррупсия гардид ва дар сатҳи миллию байналмилалӣ чораҳои дахлдори ташкилию ҳуқуқиро андешид.

Дар сатҳи байналмилалӣ яке аз ҳуҷҷатҳои асосӣ ва муҳими ҳуқуқӣ ин аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия ба шумор меравад. Бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва андешидани чораҳои зарурӣ дар сатҳи миллӣ маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, доктринаи миллии ҳуқуқӣ дар ин соҳа ташаккул дода шуд.

Дар ин самт қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи замон ҷавобгӯ қабул шуда, ниҳоди махсусгардонидашудаи давлатӣ – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ниҳоди умумимиллӣ–Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия таъсис дода шудааст.

Зикр кардан зарур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии муҳимтарин конвенсияҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия буда, таҳияи давлатии мубориза бо коррупсия дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шуда, бо ибтикори Пешвои миллат ду маротиба Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Стратегияи зикршуда аз он шаҳодат медиҳад, ки давлат баҳри амалӣ намудани мубориза бо коррупсия сиёсати давлатии зиддикоррупсиониро роҳандозӣ карда, баҳри татбиқи он дар ҷомеа тадбирҳо андешида, ба дастовардҳо ноил гардидааст. Пешвои миллат дар сухангӯӣ, суҳбату вохӯриҳо бо шаҳрвандон пайваста дар ин мавзӯъ таъкид менамоянд.

Аз ҷумла: “Мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем”.

Аз ин лиҳоз ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва афзоиши самаранокии мубориза бар зидди коррупсия зарур аст, ки фаъолият дар ин самт бо ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа боз ҳам хубтар ба роҳ монда шавад.

Хайридинзода Исфандиёр,

Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Семинари омӯзишӣ барои кормандони Хадамоти муҳоҷират

Next Post

Вохӯриии навбатӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритус

Next Post
Вохӯриии навбатӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритус

Вохӯриии навбатӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритус

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.