Омӯзиши мавзӯъҳои вобаста ба терроризм, сабабу пайдоиш ва роҳҳои пешгирии он дар замони муосир ба яке аз муаммоҳои глобалӣ мубаддал гашта, инсониятро ба сатҳи тартиботи нави ҷаҳонӣ баровардааст. Терроризм дар ҷойи холӣ ба вуҷуд наомадааст. Ин зуҳурот маҳсули дасти худи одам аст!
Аз ҳамин лиҳоз, имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро як суол азият медиҳад: – Пас чаро то ҳанӯз инсоният ба ин зуҳурот дар якҷоягӣ мубориза набурда, онро ба таври дастаҷамъона маҳкум ва решакан намекунад?
Албатта, санадҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ оид ба мубориза ва муқовимат бо терроризму экстремизм дар сатҳи байналмилалӣ ва давлатҳои алоҳида қабул карда шудаанд. Дар ин самт ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудан, ҳамчунин то ҳадди камтарин расонидани оқибатҳои фаъолияти террористӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Имрӯз мо дар муқобили баландшавии тамоюлҳои рушди терроризми муосир қарор дорем.
Моҳияти мубориза бар зидди терроризм ин фаъолият оиди ошкор, пешгирӣ, қатъ намудан ва то ҳадди камтарин расонидани оқибати фаъолияти террористӣ ба ҳисоб меравад.
Тибқи таҳқиқоти дар раванди омодагӣ ба таҳияи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” гузаронидашуда нишон медиҳад, ки айни ҳол сатҳи корҳои иттилоотиву маърифатӣ, таълимӣ ва мафкуравӣ дар самти муқовимат бо мафкураи тундгароӣ ва экстремизм дар кишвар тақвиятталаб мебошад. Аз ҷумла, мутахассисон дар соҳаи муқовимати иттилоотӣ бо экстремизм ва терроризм намерасанд; – норасоии маводи иттилоотӣ ва роҳнамо доир ба созмонҳои экстремистию террористӣ, инчунин воситаҳои аёнии ташвиқу тарғиб мушоҳида мегардад.
Фикр мекунем, ки барои муқовимат ва муборизаи дастаҷамъона бурдан бо ин зуҳуроти номатлуб мебояд, пеш аз ҳама, мафҳуми терроризмро дар сатҳи қонунгузорӣ ва ҳам тафсиру қабули он аз дигар намуди муносибатҳои эътирозӣ ва муноқишаҳои мусаллаҳона бояд фарқ кард.
Ҷанги сард, ки имрӯз миёни давлатҳо ва тамаддунҳо барои бартариҷӯӣ ва ҳифзи манфиатҳои геополитикии худ дар ҳудудҳои манфиат идома дорад, давлатҳои хурди дорои захираҳои калони нерӯ чун нафту газро қурбонии ин сиёсат гардонидаанд.
Агар вазъи сиёсии ҷаҳон чунин бошад, пас барои мубориза бурдан ва муқовимат нишон додан бо терроризм ва экстремизм, пеш аз ҳама, таъмини ягонагӣ ва ҳалли мушкилоти дохилӣ маҳсуб меёбад.
Тоҷикистон бо роҳи инсондӯстӣ рафта, дар амри эътирофи арзиши олӣ будани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он ба шахсоне, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст мекашанд, агар дар кирдори онҳо аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошанд, тибқи иловаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 401 озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятиро кафолат додааст.
Яке аз яроқи пурқуввати террористон ин фирефтасозӣ ва ташвиқу тарғиби шаҳрвандон ба амалҳои террористӣ мебошад. Давлатҳои ҷаҳон бо тамоми масъулият ва кӯшиш талош бар он доранд, то пеши роҳи он гирифта шавад. Гурӯҳҳои кории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилоти ҷамъиятии “Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон”, созмонҳои ҷавонон, бонувону собиқадорон ва ба ин монанд дар Тоҷикистон тавассути барномаву мусоҳибаҳои телевизиониву радиоӣ ва вохӯриҳо бо ҷомеаҳои осебпазир, маҳбусон, шахсони аз чунин муноқишаҳои мусаллаҳона баргашта, аъзои оилаи террористон мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд.
Ҳамин тариқ, чораҳои мубориза ва муқовимат бо терроризм ва экстремизмро метавон такмил дода, тамоюли пастшавии зуҳуроти номатлубро ба роҳ монем.
Шарипов Тоҳир,
Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе