Муҳоҷират падидаи маъмул дар низоми иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷаҳонӣ аст, ки дар шаклҳои гуногун зуҳур мекунад. Ин раванди пешгӯинашаванда ҷанбаҳои таърихӣ дорад ва дар ташаккули ҷоме, халқият, таъмини робитаҳои байналмилалӣ ва гуногунии фарҳангӣ нақши муҳим мебозад.
Дар ҷаҳони муосир низ муҳоҷират аҳамияти худро нигоҳ дошта, дар раванди ҷаҳонишавӣ барои аҳолии сайёра имкониятҳои бештари ҳиҷрат фароҳам овардааст. Одамон аз як кишвар ба кишвари дигар, ё дар дохили кишвар аз як минтақа ба минтақаи дигар барои имкониятҳои беҳтари кор, таҳсил ё зиндагӣ муваққатан мекӯчанд. Натиҷа ва раванди ҷаҳонишавист, ки муҳоҷират ба таври бесобиқаи таърихӣ рушд дорад ва ҳисоби даққиқи муҳоҷирон дар ҷаҳони муосир мушаххас нест, зеро мафҳуми “муҳоҷират” дар фарҳанг ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба тарзҳои мухталиф тафсир гардидааст. Ҳамин аст, ки шумораи муҳоҷирон вобаста ба тафсири вожаи «муҳоҷир» ва методологияи ҳисобкунӣ метавонад фарқ кунад. Бо вуҷуди ин, Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) тахмин мекунад, ки шумори муҳоҷирони байналмилалӣ дар ҷаҳон дар соли 2020 тақрибан 281 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки ин шумора ба 3,6% аҳолии ҷаҳон баробар аст.
Албатта, ин раванди пуршиддат дар баробари манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоии муҳоҷирон, аъзои оилаи онҳо, кишварҳои қабулкунанда ва содиркунандаи қувваи корӣ метавонад сабаби мушкилоти иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, нофаҳмиҳо ё ҳатто низоъҳо бошад.
Барои ҳалли одилона ва гуманистии мушкилоти ба бор овардаи муҳоҷират, ки манфиатҳои тамоми ҷонибҳоро ба назар мегирад, иҷрои як қатор амалҳои ба ҳам мутаассил, пеш аз ҳама эҳтироми қонунгузории кишвари зисти муваққатӣ ва риояи муқаррароти он зарур аст.
Аммо, бояд эътироф кард, ки дар ин самт барои бисёре аз муҳоҷирони тоҷик низ мутобиқ шудан ба муҳити нави ҳуқуқӣ мушкил аст. Монеаҳои забонӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд баъзан вақт ба он оварда расонанд, ки монеаҳои навбатӣ, аз қабили дарк ва риояи қонун ва қоидаҳои кишвари зисти муваққатӣ пайдо шаванд. Дастрасии маҳдуд ба иттилооти ҳуқуқӣ, инчунин бим аз оқибатҳои манфии нақзи қоидаҳо низ метавонад ба ҳолатҳое оварда расонад, ки муҳоҷирон қонунҳоро риоя намекунанд ва ё ҳуқуқҳои худро пурра ҳифз карда наметавонанд.
Яке аз ҷанбаҳои асосии фарҳанги ҳуқуқии муҳоҷирони тоҷик қобилияти дарки ҳуқуқу уҳдадориҳои худ дар шароити нави иҷтимоӣ мебошад. Огоҳӣ надоштан аз қонунҳо ва расмиёт метавонад дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқии муҳоҷирон монеа эҷод кунад.
Барои ҳалли мушкилоти марбут ба фарҳанги ҳуқуқии муҳоҷирони тоҷик муносибати маҷмӯӣ, аз ҷумла ҳам фаъолияти таълимӣ ва ҳам тағйирот дар низоми иттилоърасонии ҳуқуқии кишвари зисти муваққатии муҳоҷирон зарур аст. Пеш аз ҳама, бисёр муҳим аст, ки ба муҳоҷирон иттилооти дастрас ва фаҳмо дар бораи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо дар давраи муҳоҷират пешниҳод карда шавад. Ҳамин аст, ки Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо истифода аз ҳама роҳҳо ва имкониятҳои мавҷуда, аз қабили васоити ахбори омма, сомонаҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, корҳҳои оммавӣ-фаҳмондадиҳӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, нашр ва пахши буклетҳо ва суҳбатҳои инфиродӣ зимни муроҷиати шаҳрвандон муқаррароти қонунгузории муҳоҷирати кишвареро, ки шаҳрванд қасди сафар дорад, шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Аммо баъзан маврид бе омодагӣ ба муҳоҷират рафтан, махсусан бе омӯзиши забон, фарҳанг ва муқаррароти қонунгузории кишварҳои қабулкунанда, ба он оварда мерасонад, ки муҳоҷирон ё санадҳои меъёриву ҳуқуқиро риоя намекунанд ва ё ба нақзи ҳуқуқҳои худ дучор меоянд.
Илова бар ин, таъмини дастрасии муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба низоми одилона ва муассири адолати судӣ муҳим аст. Дар ин самт, аз ҷониби Ҳукумати кишвар як қатор тадбирҳои судманд андешида шуда, пеш аз ҳама пешгирии ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон яке аз самтҳои асосии фаъолияти Сафорату ва Консулгариҳо маҳсуб меёбад.
Дар баробари ин, барои таъмини имкониятҳои бештар барои муҳоҷирон дар кишвари шарики стратегӣ – Федератсияи Россия намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муҳоҷират фаъолият доранд, ки кори ин сохторҳо ба баррасии арзу дархостҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, вохӯрӣ бо субъектҳои хоҷагидор ҷиҳати мусоидат барои бокортаъминкунии муҳоҷирон, чораандешӣ барои пардохти музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби корфармо, расонидани машварат ва ёрии амалии ҳуқуқӣ, мусоидат барои бекор кардани қарорҳои судӣ оид ба депортатсияи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лағви манъи вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳолати доштани асосҳои ҳуқуқӣ, вохӯрӣ бо мақомоти қудратии Федератсияи Россия, ҳамкорӣ бо диаспораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими Россия нигаронида шудааст.
Хулоса, маърифати ҳуқуқии муҳоҷирони тоҷик дар мутобиқшавӣ ва ҳамгироии бомуваффақияти онҳо ба ҷомеаи нав нақши муҳим дорад. Кор дар самти ташаккул ва такмили фарҳанги ҳуқуқии муҳоҷирони тоҷик бояд як авлавияти ҷомеа ва мақомоти давлатӣ ҳам дар кишвари истиқомат ва ҳам дар ватани онҳо гардад. Таваҷҷӯҳ ба ин масъала метавонад сатҳи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷиронро ба таври назаррас боло барад ва ҳамгироии бештари муҳоҷирони тоҷикро ба ҷомеаҳои мухталиф (кишварҳои қабулкунанда) таъмин кунад.
Амиралӣ Раҳмонзода,Муовини сардори раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират