Муҳоҷирати экологӣ чист?
Муҳоҷирати экологӣ яке аз шаклҳои муҳоҷирати дохилии аҳолӣ ба шумор меравад. Муҳоҷирони экологӣ афроде мебошанд, ки дар натиҷаи таъсиррасонии ҳодисаҳои табиӣ ба маконҳои бехавф кӯчонда мешаванд. Сабабҳои чунин шакли муҳоҷират ҳодисаҳое чун ярчфаройӣ, заминларза, обхезӣ, кӯчондани аҳолӣ аз мавзеъҳои камзамин ба минтақаҳои заминдор ва ғайра шуда метавонанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби муҳоҷирати экологии дохилии аҳолӣ ҳодисаҳои табиӣ ва кам будани заминҳо барои кишоварзӣ мебошанд.
Тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати экологиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Ба хотири ба танзим даровардани раванди муҳоҷиарти экологӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 211 Тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ки мувофиқи қарори мазкур тартиботи зерин амалӣ мегарданд:
1) Тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими раванди муҳоҷиркунонии аҳолиро аз минтақаҳои хавфноки экологӣ ба мавзеъҳои бехавф муайян менамояд.
2) Муҳоҷирони экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин шахсоне мебошанд, ки манзили худро бар асари офатҳои экологӣ ноилоҷ тарк кардаанд.
3) Кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаҳои хавфноки экологӣ дар ҳолатҳои зерин сурат мегирад:
– дучори ярч
– фурӯравии замин
– тармафароӣ
– ҳолатҳои фавқулоддаи техногенӣ
– сел ва дигар офатҳои табиӣ.
4) Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдор ва ҳамоҳангсози масъалаҳои муҳоҷирати экологӣ буда, ташкил ва назорати иҷрои корҳоро дар ин раванд амалӣ менамояд.
5) Барои амалӣ намудани раванди муҳоҷиркунонии аҳолӣ комиссияҳои доимоамалкунанда дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Комиссияи ҳукуматӣ) ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо (минбаъд – Комиссияи маҳаллӣ) таъсис дода мешаванд.
6) Мақоми муҳоҷирони экологиро Хадамот дар асоси пешниҳоди Комиссияи маҳаллӣ муайян намуда, то якуми феврали ҳар соли тақвимӣ барои тасдиқ ба Комиссияи ҳукуматӣ пешниҳод менамояд. Инчунин, бо дарназардошти ба вуқӯъ омадани вазъи босуръати омилҳои берунаи табиӣ, Хадамот бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон руйхати аввалиндараҷаи муҳоҷирони экологиро фавран барои тасдиқ ба Комиссияи ҳукуматӣ пешниҳод менамояд. Ҳангоми аз тарафи Комиссияи ҳукуматӣ тасдиқ гардидани рӯйхати муҳоҷирони экологӣ, ба онҳо пеш аз кӯчонидан ба мавзеи нави зист аз тарафи мақоми ваколатдор шаҳодатномаи муҳоҷири экологӣ супорида мешавад. Намунаи шаҳодатномаи муҳоҷири экологӣ аз тарафи Хадамот таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
7) Хадамот ҳангоми пешниҳод намудани рӯйхати муҳоҷирони экологӣ барои тасдиқ ба Комиссияи ҳукуматӣ, аз комиссияҳои маҳаллӣ ҳуҷҷатҳои зеринро талаб менамояд:
– санади Комиссияи маҳаллӣ оид ба муайян намудани минтақаи экологӣ, шумораи хоҷагиҳо ва мӯҳлати кӯчонидани онҳо;
– пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои шахсии ашхоси дар мавзеи хавфнок иқоматдошта;
– пешниҳоди хулосаи расмии раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оид ба кӯчонидан ба дигар минтақа, қабул, ҷо ба ҷо намудан, ҳолати санитарии муносиб, таъминот бо ҷойи корӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоӣ, ки барои ҳаёти муҳоҷирони экологӣ заруранд.
8) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тибқи рӯйхати тасдиқнамудаи Комиссияи ҳукуматӣ муҳоҷирони экологиро дар мавзеъҳои нави зист бо хонаи истиқоматӣ ва ё қитъаи замин барои сохтмони манзил таъмин менамоянд.
9) Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қарори дахлдор ва лоиҳаи Нақшаи миёнамӯҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологиро дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
10) Дар Нақшаи миёнамӯҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ бояд масъалаҳои зерин пешбинӣ карда шаванд:
– номгӯи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ки муҳоҷирони экологиро иросол ва қабул менамоянд;
– мӯҳлати кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ;
– теъдоди хоҷагӣ ва оилаҳои муҳоҷирони кӯчонидашаванда.
11) Ҳангоми ба вуқӯъ омадани вазъи босуръати омилҳои берунаи табиӣ, ғайринақшавӣ муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ танҳо бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.