Муаррифии партали ягона

Бо мақсади муаррифии вижагиҳои техникӣ, иттилоотӣ ва маънавии лоиҳаи электронии «Партали ягонаи литсейҳои касбӣ», имрӯз – 6 ноябри соли 2021 дар дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷамъомад баргузор гардид.

Дар ҳамоиш роҳбарият, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбии ҷумҳурӣ, аз ҷумла директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва кормандони самти иттилоотии онҳо иштирок намуданд.

Лоиҳаи электронии «Партали ягонаи литсейҳои касбӣ»-ро барномасоз Мирқурбон Наимов ба ҳозирин муаррифӣ намуда, доир ба хусусиятҳои иттилоотӣ, техникӣ ва тарзи истифодаи он маълумоти муфассал ироа намуд.

«Партали ягонаи литсейҳои касбӣ» – партали электронии хизматрасонӣ дар сатми таҳсилоти ибтидоии касбӣ буда, маълумоти муфассал дар бораи ҳар як литсейи касбӣ, ихтисосҳои таълимшаванда, омӯзиши касбу ҳунарҳои миллию муосир, расму гузоришҳо аз ҷараёни таълим ва ҳунаромӯзӣ, маълумот дар бораи ҷойгиршавӣ, телефонҳо барои тамос ва дигар маълумоти муҳими тахассусию маъмуриро дар бар мегирад.

Инчунин, «Партали ягонаи литсейҳои касбӣ» дорои барномаи бақайдгирии довталабон, касбомӯзон, донишҷӯён ва омӯзгорону устоҳои таълими истеҳсолӣ буда, имконият дорад, ки ҳисоботҳои гуногуни соҳавӣ ва ихтисосиро фаро гирад.

«Партали ягонаи литсейҳои касбӣ» ягона партале мебошад, ки маълумоти муфассали 62 муассисаи таълимию тахассусиро фаро гирифта, дар навбати худ бо фановариҳои муосири инаватсионӣ фаъолият менамояд

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо