Дар ҷаҳони муосир хатари терроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳои ташвишовар ба ҳисоб меравад. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми давлатҳои ҷаҳон сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи онро пайдо карда истодаанд.
Ин ақидаҳо исботи он аст, ки “терроризм” эҷоди шуур буда, берун аз ислом аст. Дар охири қарни XX ва ибтидои қарни XXI инсоният ба хатари ҷиддӣ, мисли ифротгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад. Албатта онҳое, ки мегӯянд ифротгароӣ ва терроризм падидаҳое мебошанд, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ намуданд, беасос нест. Решаҳои онҳо хеле чуқур мебошанд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай, дар куҷо ва бо кадом мақсад cap задааст.
Имрӯз терроризм ҷиддитарин мушкили ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ҳатто пешрафтатарин кишварҳои олам, аз ҷумла Амрикою Аврупо аз хатару зиёни терроризм эмин нестанд. Терроризми байналмилалӣ таҳдиди бузурге ба кишварҳои алоҳида ва дар маҷмуъ ба кулли инсоният дорад.
Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2017 қайд карда буданд: “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”. Оре, террорист мавҷуди беҳуввиятест, ки аз шуур, огоҳӣ, дарки маънои зиндагӣ ва дигар эҳсосу отифаи инсонӣ маҳрум буда, хатар, ваҳшоният ва зарари он ҳатто аз хунхортарин ва бераҳмтарин ҳайвон низ бадтар аст.
Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Аз ин ҷост, ки ҳоло таъмини амният дар ҷаҳон дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад. Дар даҳаи дуюми асри XXI мо шоҳиди содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико гардидем ва қариб рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гӯшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд ва ин зуҳуроти номатлуб ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад.
Яке аз омилҳои тезу тунд шудани муносибати баъзе кишварҳои мусулмонӣ бо давлатҳои Ғарб маҳз ҳамин сиёсати риёкорона, муғризона, дурӯягӣ ва мунофиқона аст, ки он боиси пайдо шудан ва густариши мухолифат байни пайравони дини ислом ва масеҳият, тамаддуни Шарқу Ғарб ва дар айни замон тавлиди ҷараёнҳои тундрав (экстремистӣ) дар дину мазҳабҳои ҳам Ғарб ва ҳам Шарқ аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт талош меварзад.
Мутаассифона, дар амри дифоъ ва пуштибонӣ аз нангу номус, ҳувият ва арзишҳои миллӣ, манфиатҳои умумихалқиву умумидавлатӣ миёни баъзе уламои дин ва зиёиёни эҷодкори дин баҳс ба миён омада, аҳли ҷомеаро бетараф намегузорад. Раҳоӣ аз ин буҳронҳо тақвияти тарбияи худшиносӣ ва шинохти асили ҳуввияти миллиро талаб мекунад. Расидан ба худшиносиву худогоҳии миллӣ бидуни рӯ овардан ба омӯзиш, парвариш, эҳёву гиромидошти таъриху фарҳангу тамаддуни оламгири миллат, суннату анъанаҳои гузаштагон ва ифтихороти давлатдорӣ имконпазир нест. Зиракии сиёсиро бошад шарти аввали ташаккул ва бедору фаъол нигоҳ доштани ҳувият ва худшиносии миллӣ ва соҳибистиқлолии давлат номидаанд. Бо дарки баланди зиракии сиёсӣ метавон ба равандҳо, таҳаввулот ва зуҳуроти замони муосир бо таҳлили амиқу дақиқ ва хулосаҳои мустанад баҳои ҳаққонӣ дод.
Ин гуфтаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм аз як тараф, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз тарафи дигар таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ҳодисаҳои зикршуда, равандҳои муосири сайёра ва вазъи минтақа ҳушдор медиҳанд, ки пеш аз ҳама ҷавонони тоҷик ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошанд.
Чи тавре ки Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 26 декабри соли 2018 қайд карданд: “Ҳифзи сарҳад вазифаи танҳо сарҳадбонон нест. Ҳар як фарди ватандӯст бояд дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва оромиву суботи ҷомеа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ҳамкорӣ намояд”. Зеро, ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Агар мо дар рафъи ҳама гуна мушкилу хатар бо талоши созанда ва саъйу кӯшиши қатъӣ дар канори сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъу иттифоқ бошем, ҳеҷ неруе ва ҳеҷ бадхоҳе тавоноии муқобилият карданро бо миллати сарбаланди тоҷик нахоҳад дошт.
Шарипов Тоҳир,
Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе
