• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Мубориза бар зидди хатарангези иттилоотӣ талаботи ҷомеаи имрӯза аст

Migration Service by Migration Service
16.01.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ифротгароӣ ба миллат танҳо бадбахтӣ меорад
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Тибқи тадқиқотҳои сотсиологии ҷомеашиносон имрӯз зиёда аз 80 фоизи аҳолии ҷаҳон ба воситаҳои ахбори омма (ВАО) таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҳаёти ҷомеаро ҳаматарафа таҳлилу тарғиб менамоянд. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма аз макон, замон ва хусусиятҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ вобастагии зич дорад. ВАО ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва институтҳои иҷтимоӣ, аз қабили сиёсат, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, дин таъсири амиқи худро мегузоранд ва олоти муҳими амалигардонии равандҳои сиёсӣ мебошанд. Тавассути нашрияи даврии чопӣ, радио, телевизион, видео, аудио, кинохроника, оҷонсии иттилоотӣ, сомонаҳои интернетӣ ахборот барои омма паҳн мешавад, ки ин амал асосан аз ҷониби рузноманигорон иҷро мегардад.

Умуман, ВАО вазифаҳои гуногунро иҷро мекунад: иттилоотӣ, таълиму тарбиявӣ, танқид ва назорат, тарзи иҷрои хоҳишҳои иҷтимоӣ, сафарбаркунӣ, яъне ташвиқ ба амали муайяни сиёсӣ ва имкони бузурги таъсир ба ақлу эҳсоси одамон ва рафтори сиёсиро дорад. Бояд қайд намуд, ки аз оғози асри XXI ҷаҳони муосирро таззодҳои гуногуне фаро гирифтанд, ки ба ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ таъсири худро гузоштаанд. Таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ яке аз масъалаҳои муҳимми замони муосир ба шумор рафта, рӯз то рӯз аҳамияти бештарро ба худ ҷалб менамояд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк намудааст, ки технологияҳои иттилоотию хизматрасонӣ бештар ба як василаи сиёсӣ табдил ёфта истодааст.

Хуллас, ВАО ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва институтҳои иҷтимоӣ, аз қабили сиёсат, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, дин таъсири амиқи худро мегузоранд ва олоти муҳими амалигардонии равандҳои сиёсӣ мебошанд.

Баробари ин, бояд қайд кард,ки дар бисёр мавридҳо расонаҳои ғайридавлатии кишвар ва баъзе кишварҳои хориҷӣ ин ё он масъаларо яктарафа инъикос намуда, зимни таҳлили мавзӯъҳо ба сохтакорӣ ва ҳангоматалабӣ роҳ медиҳанд, ки ин амал мухолифи асноди байналмилалӣ оид ба матбуот мебошад. Мутаассифона, баъзе маҷаллаю рӯзномаҳо, ки асосан бо маблағгузории созмонҳои байналмилалӣ чоп мешаванд, маводеро рӯйи чоп меоранд, ки хонандаро ба гумроҳӣ мебарад.

Инчунин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ маводҳое ба назар мерасанд, ки дар назари аввал ба манфиати миллат ва давлат буда, дар асл дунболи фитнаангезӣ мебошанд. Агар ба таҳлилҳои омори назар афканем дар ҷаҳон 4,5 миллиард истифодабарони шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷуд буда 55, 3% – он ҳарӯза ба сомонаи интернети ба шабакаҳои «fасеbook» ва «odnoclassniki» ворид мешавад. Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ маводи зиёди иттилооти дорои хусусияти ва таблиғкунандаи терроризму экстремизм низ паҳн мешаванд. Хабарҳои бардурӯғ, танқид ва иттилои беасосро пахш месозанд, ки мардумро ба таҳлуқа меандозанд.

Гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Бояд қайд кард, ки насли имрӯз дар ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонишуда зиндагӣ мекунанд, ки ҳар лаҳза метавонад хатари ҷиддиро ба бор оварданаш аз эҳтимол дур нест. Чунин сурат гирифтани кор шаҳодат медиҳад, ки имрўз проблемаи терроризм дар сомонаҳои Интернет ба як мавзўи асосию мубрам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Мутаассифона, имрӯз дар расонаҳои иҷтимоӣ хабарҳои бардурӯғу иғвоангез хеле зиёданд. Таҳдид ва хавфу хатарҳое, ки дар ин самт пайдо гардидаанд, дар сатҳи байнидавлатӣ коркарди қарорҳо ва гурӯҳҳои зудамали муштаракро тақозо менамоянд. Аз ин лиҳоз, бояд фазои хатарзои иттилоотиро бо маводҳои ҷолиб, ки воқеъияти кишвари моро ба ҷаҳониён инъикос карда тавонад, тавассути ВАО ва дигар шабакаҳои иҷтимоиро пурра намудан зарур аст. Дар ин баробар ҳар таҳдидҳое, ки аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатдори хориҷӣ ба роҳ монда мешавад, дарҳол мебояд онро аз фазои иттилоотӣ дур кард.

Дар фарҷоми аендешаи хеш хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки мубориза бар зидди хатарангези иттилоотӣ талаботи ҷомеаи имрўза аст ва яке аз масъалаҳои асосӣ маҳсуб меёбад. Ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост, ки то ҷон дар бадан дорем, барои решакан кардани бадӣ ва ҳар чӣ бар зарари халқу миллати мост, бикӯшем. Пешгирии ҷараёну ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва хатарзои иттилоот кори дастҷамъонаи мо аст.

Бояд дар муассисаю ташкилотҳо ва оила мо на танҳо чеҳраи манфури дасисабозиҳо, инчунин оқибати хатар эҷодкунандаи иттилоотиро ба аҳли ҷомеа фаҳмонем ва бо ҳамин тарз қарзи хешро дар назди Ватани азизамон адо намоем!

Бахши робита бо ҷомеа

Previous Post

Терроризм ба яке аз муаммоҳои  асосии муносибатҳои байналхалқӣ табдил ёфт

Next Post

Ба шаҳрвандон дастурҳои муфид дода шуд

Next Post
Ба шаҳрвандон дастурҳои муфид дода шуд

Ба шаҳрвандон дастурҳои муфид дода шуд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.