• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Мубориза бар зидди коррпусия – кори дастаҷамъона!

Migration Service by Migration Service
28.01.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Мубориза бар зидди коррпусия – кори дастаҷамъона!
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи муосир маҳсуб мешавад. Он на танҳо рушди иқтисодиро бозмедорад, балки ба низоми давлатдорӣ, адолати иҷтимоӣ ва эътимоди мардум низ зарари бузург мерасонад. Аз ҳамин рӯ, ҳар як давлат мекӯшад, ки барои пешгирӣ ва нест кардани ин падидаи номатлуб стратегияи мустаҳкам ва самараноки мубориза бо коррупсияро таҳия ва амалӣ намояд. Стратегияи муқовимат бо коррупсия маҷмӯи тадбирҳо, қонунҳо ва фаъолиятҳо мебошад, ки ҳадафашон пешгирӣ, ошкор ва ҷазодиҳии амалҳои коррупсионӣ аст.

Пеш аз ҳама, мубориза бо коррупсия аз пешгирии он оғоз мешавад. Барои коҳиши имконияти пайдоиши коррупсия зарур аст, ки низоми идоракунӣ шаффоф ва одилона бошад. Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, кам кардани тамоси мустақими шаҳрванд бо хизматчиёни давлатӣ, паст кардани мураккабии равандҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва таҳкими назорати дохилиидоравӣ яке аз роҳҳои муҳими пешгирист. Дар баробари ин, шаффофияти буҷет, нашри маълумоти молу мулк ва даромади мансабдорон, гузаронидани озмунҳои кушода барои ишғоли вазифаҳои давлатӣ низ ба кам шудани амалҳои коррупсионӣ мусоидат мекунад.

Қадами баъдӣ ошкор кардани коррупсия мебошад. Барои ин давлат бояд сохторҳои махсус, аз қабили агентии зиддикоррупсионӣ, аудитҳои мустақил ва хатти тифтишоти ҷамъиятиро фаъол намояд. Нақши ВАО, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандони фаъол низ дар ин раванд хеле муҳим аст, зеро онҳо метавонанд ҳолатҳои шубҳанокро ошкор ва барои санҷиш ва мурофиаи минбаъда пешниҳод намоянд. Марҳилаи сеюм ҷавобгарӣ ва ҷазодиҳӣ аст. Қонунгузории сахт, ҷазои адолатманд, судҳои махсуси зиддикоррупсионӣ ва барқарор намудани адолат имкон медиҳанд, ки ҷинояткорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Бо вуҷуди ин, мубориза бо коррупсия танҳо бо қонун ва ҷазо маҳдуд намешавад. Тарбияи ахлоқии ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ташаккули фарҳанги «таҳаммули сифрӣ» нисбат ба коррупсия нақши муҳим дорад. Ҳар як шаҳрванд бояд дарк кунад, ки ришвадиҳӣ на фақат ба давлат, балки ба ояндаи худ ва фарзандонаш ҳам зарар дорад.

Дар маҷмӯъ, стратегияи муқовимат бо коррупсия як равандест, ки аз тамоми ҷомеа – давлат, шаҳрвандон, муассисаҳо ва ВАО – кори муштарак ва масъулият талаб мекунад. Танҳо дар сурати иштироки фаъолонаи ҳамаи қишрҳои ҷомеа мо метавонем давлате бунёд кунем, ки дар он адолат қонунмандӣ ва шаффофият ҳукмфармо бошад.

Мубориза бо коррупсия равандест, ки танҳо бо қонун, ҷазо ва сохторҳои расмӣ маҳдуд намешавад. Ин мубориза кори умумии давлат ва ҷомеа мебошад. Стратегияи мукаммали муқовимат бо коррупсия бояд аз чор поя иборат бошад: пешгирӣ, ошкоркунӣ, ҷазодиҳӣ ва тарбия. Танҳо дар сурати татбиқи ҳамзамона ва фаъолонаи ҳамаи ин самтҳо имкон дорад, ки коррупсия кам шавад ва замина барои рушди устувори иқтисодӣ, адолати иҷтимоӣ ва болоравии эътимоди мардум ба ҳукумат фароҳам гардад.

Аҳадзода Алишер,

Муовини сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Вохӯрии саривақтӣ бо сокинони шаҳру деҳоти ноҳияи Панҷ

Next Post

Дар раёсати Хадамоти муҳоҷират бахшида ба омӯзиш ва баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Next Post
Дар раёсати Хадамоти муҳоҷират бахшида ба омӯзиш ва баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Дар раёсати Хадамоти муҳоҷират бахшида ба омӯзиш ва баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.