Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳояшон қайд намудаанд: “Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст”.
Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва қарорҳою чорабиниҳо дар кишвар бо назардошти таҷрибаи муваффақи байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳуҷҷатҳои стратегии ба мубориза бо терроризм ва экстремизм равонашударо таҳия ва пайваста амалӣ менамояд. Аз ҳама калидии онҳо “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025” мебошад, ки имсол ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда мешавад. Тадбирҳои нав ин қабули таҳрирҳои нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо терроризм” (2021) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” (2020) мебошад. Ин санадҳои қонунгузорӣ асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии муқовимат ба ин таҳдидҳоро муайян, масъулияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои иштирок дар фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ муқаррар ва фаъолияти мақомоти ваколатдорро танзим мекунанд.
Яке аз умдатарин масъалаҳои давраи муосир ин таъмини амнияти миллии ҳар як кишвари мустақил ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон мубориза бар зидди ин вабои асрро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси олам ҳамчун як кишвари фаъолу ташаббускор дар самти ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудааст. Пешвои муаззами миллат дар вохӯриву баромадҳояшон бо далелҳои саҳеҳ тамоми паҳлуҳои зуҳуроти номатлуби тероризмро маҳкум намуда, таъкид менамоянд, ки бо эҳсоси хатару таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босубот бо пайгирӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа, Тоҷикистон муборизаро дар ин самт пурзӯр карда, талош дорад, ки аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирї намояд.
Бо мақсади равнақ додани сиёсати давлатӣ дар самти мубориза бо экстремизм ва терроризм аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонун ва санадҳои зерқонунӣ ба тасвиб расиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо ин зуҳуроти номатлуб мусоидат менамоянд.
Шоёни зикр аст, ки имрӯз кишвари мо бузургтарин неъмати давлатдорӣ – ваҳдати комилро дорост ва сокинонаш дар сояи амну осоиш умр ба сар мебаранд. Дар шароити кунунӣ вазифаи як фарди оқилу ватандӯст махсусан ҷавонон аз он иборат аст, ки ба афкори барғалати чеҳраҳои сиёсии ноаён фирефта нашуда, дар ҷустуҷӯи омӯзиш, азбарнамоию ғанигардонии маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то поягузор дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол бошанд. Мубориза бурдан бар зидди терроризму экстремизм баҳри ҳифзу музаффариятҳои истиқлолият, дастоварду комёбиҳои камназири кишвар, ки маҳз бо кушишу талошҳои бевоситаи Сарвари давлат ба амал омадааст, қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост.
Дар ин росто, ҳар яки моро зарур аст, ки дар баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ, ҳувияти миллӣ ва зиракии сиёсии ҷомеа талошҳо намоем, то ин ки аз хатарҳои замони имрӯза эмин бошем.
Гулмаҳмадзода Шамшод,
Сармутахассиси раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе
