Терроризм ҳамчун ҷинояти характери байналмиллалӣ дошта, сарҳад надорад. Худи террорист бошад Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ созанд. Дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳи мақсадҳои он чунин омадааст: “Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон ба воҳима ва таҳлука овардани одамон буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткорон дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатист”.
Яке аз масъалаҳои меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро тақвияти фаъолияти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар самти мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ташкил медиҳад.
Президенти Тоҷикистон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ дар пайвандӣ ба масъалаи мавриди назар чунин таъкид намуданд: “…Сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд вазифаи худро дар самти ҳимояи суботу оромии ҷомеа, амнияту осоиши давлат ва мардуми Тоҷикистон бо садоқат ба давлат ва халқи кишвар таъмин намоянд. Мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ вазифаи ҷонии онҳо дар шароити ноорому буҳрони ҷаҳони муосир мебошад”.
Дар воқеъ, имрӯз терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккли фаромиллӣ бо оқибатҳои бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфта, аз он хавфу хатари замони муосир маҳсуб мешаванд, ки ба амнияти давлат, мудофиаи мамлакат ва дахлнопазирии ҳудуди мамлакат таҳдид менамоянд. Дар асл ба инсоният дар баробари дигар фалокатҳои гуногуни табиӣ терроризм ва эктремизм таҳдид доранд, ки бо оқибатҳои ҳузнангези худ аз ҷиддитарин таҳдидҳои ҷаҳони муосир ҳисоб ёфта, сулҳу субот ва истиқлолияти давлатии кишварҳоро зери хатар мегузоранд. Натиҷаи омӯзиш ва таҳлили сарчашмаҳои боэътимод аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар шароити кунунӣ терроризм ва экстремизм, хусусан дар тобиши динӣ ва сиёсии худ имрӯз хусусияти фаромиллӣ касб намудааст. Ҳамарӯза тавассути воситаҳои ахбори омма ва дигар сарчашмаҳои иттилоотӣ аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ахбори таҳлукаангез оид ба содир шудани амалҳои экстремистию террористӣ, кушта шудани даҳҳою садҳо одамони бегуноҳ, хароб гардидани бинову иншоот паҳн мегарданд.
Бо назардошти ҳолати ҷойдошта дар шароити кунунӣ масъалаи риояи қонунгузорӣ оид ба пешгирӣ, ошкорсозӣ ва мубориза ба омилҳои террористию экстремистӣ, таъмини қонуният дар соҳаи ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини амнияти миллӣ, гирифтани пеши роҳи омилҳои гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиву созмонҳои тундрав яке аз самтҳои афзалиятноки ҳуқуқии давлат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ эътироф карда шудааст.
Аз ин рӯ, мо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳидоятҳои Сарвари давлатро пайравӣ намуда, аз падидаҳои манфие, ки ҷомеаи имрӯзаро зери хатар монадааст, худро эмин нигоҳ дорем. Чи тавре ки сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, зиракии сиёсии ҷавонон ва кулли мардуми Тоҷикистон омили амнияти миллӣ, дарки ҳисси ватандӯстӣ, ватанпарварӣ, хештанштносӣ ва волоияти қонунҳо мебошад. Аз ин рӯ суханҳои пешвои миллат хеле ҷоннок аст, ки гуфта шудааст.
“Ҳарчанд мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии ҳифзҳои ҳуқуқӣ ва қудрати бошад ҳам, дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон ва аҳолии ҷаҳон зарур аст” .
Борониева Сакина,
Мутахассиси пешбари шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

