• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм танҳо вазифаи давлат нест

Migration Service by Migration Service
29.01.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм танҳо вазифаи давлат нест
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Кишварҳои абарқудрат ғояҳои идеологии сиёсати моҷарҷӯйиро бо тарҳу мазмуни нав дар давлатҳои Осиёи Марказӣ истифода мебаранд. Бахусус баҳамоии ташкилоти террористии собиқ ҳизби наҳзати ислом бо дигар созмонҳои байналмилалии террористӣ, тақозо менамояд, ки дар мубориза бар зидди онҳо қувваҳои нави сиёсиву идеологӣ пурзӯр шавад.

Мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм ба омили тавонои идеологияи душмансозӣ мубаддал гардидааст, ки ҳадафи асосӣ ба минтақаи ҷангу нооромӣ табдил додани Осиёи марказист. Дар шароити зиндагии буҳронӣ ҳар ҷо одами норизо ва ноком бошад, шефтаву фирефтаи ваъдаҳои созмонҳои ифротгаро мешавад.

Андешаҳои бегона аз ҷониби созмонҳои ифротӣ ва идома ёфтани гароиши ҷавонони ноогоҳ ба сафи фирқа, созмон, азҳоб ва ҷунбишҳои бегонаи ифротӣ ба ваҳдати динию эътиқодӣ ва оромии ҷомеа хатари ҷиддӣ ворид месозад.

Ташкилоти террористии собиқ ҳизби наҳзати ислом дар асоси идеологияи тундгароии исломӣ амал карда, давоми даҳсолаи охир фаъолияти тарғиботӣ-ташвиқотии худро ба тадриҷ инкишоф дода, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ба таври доимӣ сафи пайравони худро зиёд намояд. Бояд ҳамеша дар хотир дошт, ки фаъолнокии амали ташкилотҳои экстремистӣ бо истифода аз омили исломӣ, паҳн намудани мафкураи исломи радикалӣ, ба сафи худ ҷалб намудани ҷонибдорон ба амалҳои зиёди ифротгароӣ, баҳри сафарбаркунии ҷомеа ба ҳолати зиддиятнокии сиёсӣ ё динӣ зиёд шуда истодааст.

Омӯзиши манбаъҳои иттилоотии экстремистон, аз ҷумла ташкилоти террористии собиқ ҳизби наҳзати ислом ба хулосае меорад, ки диққати асосии тарғиботи онҳо бадномкунии сохтори иҷтимоию сиёсии ҳама гуна ҷомеа, аз ҷумла Тоҷикистон ва зарурати таъсиси ба ном “Давлати хилофат” аст.

Ҷанги шаҳрвандӣ дар ибтидои солҳои 90-ум дар кишвар, кӯшиши гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ, бахусус саркардаи фирорӣ ва дигар аъзои ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом ба табаддулоти низомӣ дар соли 2015, террор нисбати сайёҳони хориҷӣ дар соли 2018, раванди афзоиши паҳншавии ақидаҳои ифротӣ, гаравидан ва пайвастани ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва террористӣ, моро водор месозад, ки бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза барем. Албатта, мубориза бар зидди ин хатар на танҳо вазифаи давлат ва ҳукумат аст, бояд тамоми ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияву созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар ин ҷода фаъол бошанд ва ҳамарӯза дар таҳкиму пойдории сулҳу ваҳдати миллати кишвар саҳмгузор бошанд.

Зокирзода Раҳматулло,

Муовини сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Next Post

Бо терроризм ва экстремизм мубориза мебарем

Next Post
Бо терроризм ва экстремизм мубориза мебарем

Бо терроризм ва экстремизм мубориза мебарем

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.