• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм вазифаи ҳамарӯза

Migration Service by Migration Service
09.12.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм вазифаи ҳамарӯза
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини суботу осоиштагӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон аз ҷониби мақомотҳои дахлдор тамоми чораҳо андешида шуда истодаанд, лекин омилҳое низ ба монанди терроризм ба назар мерасанд, ки ба халалдор намудани амнияти миллии кишвар сабаб мешаванд. Зуҳуротҳои террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраи аввали истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ то имрӯз ба мушоҳида мерасанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлолият дарк намуд, ки терроризм ҷинояти махсусан хавфнок буда, он ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ равона карда шудааст. Махсусан хавфнок будани терроризм дар он ифода меёбад, ки асоси онро кӯшиши ҷиноятҳо оиди дар атрофи он ба вуҷуд овардани ҳиссиёти тарсу воҳима фалаҷ сохтани фаъолияти фоиданоки иҷтимоии шаҳрвандон, кори мӯътадили мақомоти давлатию идоракунӣ ва бо ҳамин ноил шудан ба мақсадҳои зидди ҷамъиятии худ ташкил медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ҳуқуқии худро ба роҳ монда, ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр, инчунин узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба як қатор санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ алайҳи мубориза зидди терроризм ҳамроҳ шуда, дар як муддати кўтоҳ қонунгузории дохили кишварро ба низом дароварда қонунҳои зеринро қабул карда, онҳоро мавриди амал қарор дод:

1. 16-уми ноябри соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” қабул карда шудааст, ки он асосҳои мубориза бар зидди терроризмро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона” (28 декабри соли 2013).

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” (соли 1999 № 69).

4. Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) (28 марти соли 2006) ва Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, ки ин ҳама аз сиёсати пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм гувоҳи медиҳад.

Дар айни ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат нишон додан бар терроризм якчанд конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро оид ба мубориза бар зидди терроризм ташкил ва баргузор намуда, бори дигар ба ҷаҳониён исбот намуд, ки иродаи кишвари мо алайҳи мубориза бар зидди терроризм қавӣ мебошад. Мубориза бар зидди терроризм қисми таркибии таъмини амнияти на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи чаҳонӣ мебошад. Вазъи бӯҳрони ҷомеа, пеш аз ҳама дар иқтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнимазҳабӣ, номукаммалии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки масъалаҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмилалиро танзим менамояд, барои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терроризм мусоидат мекунад.

Аз ин рӯ, мубориза бар зидди терроризм, ки вақтҳои охир хусусияти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмӯи умумидавлатии муқовимат анҷом дода шавад. Созишномаҳои байналмилалиро ба асос гирифта, бояд бо дигар давлатҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, инчунин созмонҳои байналмилалӣ, ки вазифаашон аз мубориза бар зидди терроризм иборат аст, ҳамкории самарабахш анҷом дода шавад. Бояд аз таҷрибаи байналмилалӣ ҷиҳати мубориза бо чунин зуҳурот васеъ истифода намуд, механизми ҳамоҳанги муқовимат ба терроризми байналмилалиро таъсис дод, ҳама гуна роҳҳои қочоқи яроқ, маводи тарканда дар дохили кишвар ва роҳҳои воридоти онҳоро аз хориҷа ба таври эътимоднок баст.

Тоҷикистониён терроризмро дар тамоми шаклҳо ва зоҳироташ маҳкум карда ва зарурати мутобиқати амали ҳамаи ҷамъияти ҷаҳониро оид ба решакан кардани ин золимӣ дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ медонанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳамаҷониба ҳифз менамояд ва мубориза бурдан ба муқобили терроризм ва пешгирӣ намудани ин ҷиноятро яке аз вазифаҳои асосии худ мешуморад. Ҳамин тариқ, барои пойдории сулҳу суботи ҷомеа, сохтори конститутсионии он, таъмини амният ва ҳифзи арзишҳои моддиву маънавӣ имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкории Дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмону ташкилотҳои байналхалқӣ буда, ҳамкориҳои судманди сиёсию ҳарбӣ, иҷтимоию фарҳангиро ба роҳ монда, барои аз байн бурдани омилҳои террористӣ ва экстремизми динӣ саҳми муносиби хешро мегузорад.

 Қодиров Забаршо, Мутахассиси раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Вохӯрии навбатӣ бо намозгузорони Ҷамоати деҳоти Лахши ноҳияи Лахш

Next Post

Терроризм ва экстремизм – вабои аср

Next Post
Терроризм ва экстремизм – вабои аср

Терроризм ва экстремизм – вабои аср

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.