• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Мубориза бо хуруфот ва хуруфотпарастӣ!

Migration Service by Migration Service
19.01.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Паёми Пешвои миллат ва вазифаҳои мо шаҳрвандон дар ростои ин ҳидоятҳо
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Мо чандин бор вобаста ба хурофоту хурофотгароӣ суҳбатҳое доштем. Зеро хурофот, ки аз ҷаҳолату нодонӣ ва дур мондан аз илму дониш маншаъ мегирад, боиси бадбахтиҳои бузурги инсоният мегардад. Дар ҳар ҷомеае, ки андешаи хурофотӣ ривоҷ меёбад, он ҷомеа гирифтори бадбахтиҳои бузург мегардад. Воқеан, барои миллати соҳибтамаддуну соҳибфарҳанги тоҷик дар ҷаҳони муосир, дар асри рушди бемайлони илму технологияи нав рӯй овардан ба хурофоту хурофотпарастӣ мояи нанг аст ва Пешвои муаззами миллат ҳам дар яке аз суханрониҳои худ хеле дақиқ ба ин нукта ишора карданд, ки “хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад”. Бо дарназардошти ҳамин, таъкиди Президенти кишвар имрӯз ба чанд ҷанбаи ҳалокатбори хурофоту хурофотпарастӣ таваҷҷуҳ хоҳем дошт.

Бояд гуфт, ки “хурофа” ё “хурофот” дар луғатҳо ҳамчун ҳикоя, қисса ва раъйи ботил маънидод мешавад, ки аз ақлу мантиқ ва воқеият дур аст. Яъне, хурофотпарастӣ  пайравии кӯркӯрона аз ақоиди беасос ва дур аз воқеият аст. Хурофот асосан аз нодонӣ ва ҷоҳилии одамон сар мезанад, зеро онҳо ба сухани ҳар гуна фурсатталабон, манфиатхоҳон, мардумфиребон, ҷодугарон, фолбинон, тилисмшиканон ва амсоли онҳо бовар мекунанд.

Хурофот дар зеҳни мардуме шакл мегирад, ки бобати ин ё он мавзӯъ дониши кофӣ надоранд ва маҳз дар байни гурӯҳҳое густариш пайдо мекунад, ки сатҳи донишу маърифаташон паст мебошад.

Андешаҳои хурофотӣ мардумро ба худ гирифтору пойбанд сохта, барои ба таври пайваста баланду беҳтар шудани сатҳи зиндагии онҳо монеъ мешаванд. Аз нуқтаи назари шариати исломӣ низ хурофот амалу кирдори аз доираи дин берун буда, пайравию гирифторӣ ба хурофот гуноҳ омадааст.

Яке аз намунаҳои роиҷи хурофот ин сӯиистифодаи дин ва арзишҳои динӣ аз ҷониби гурӯҳу ҳизбҳо ва афроди алоҳида аст. Чунин афрод бо таъвили нодурусту мақсадноки оёти қуръонӣ ва аҳдоиси набавӣ талоши расидан ба манофеи гурӯҳию инфиродиро мекунанд. Чунин намунаи хурофотро мо дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ дар фаъолиятҳои тахрибкоронаи роҳбарону пайравони ташкилоти террористии ҳизби наҳзати ислом шоҳид будем.

Шоҳид будем, ки онҳо ба мардум мегуфтанд, агар номи ҳизби наҳзатро дар варақаи интихоботӣ хат занӣ, ё агар билети ҳизбии наҳзати исломро надошта бошӣ ва ё агар дар гирдиҳамоиҳои ҳизб иштирок накунӣ, занат талоқ мешавад.

Ҳамин аст хурофоту хурофотгароӣ ва хурофотпарастӣ дар заминаи сӯиистифодаи дин. Ҳамин шеваи фаъолияти хурофотгароиро имрӯз низ наҳзатиҳои фирорӣ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ намуда истодаанд. Аз ин нигоҳ, мо бояд дар шинохти фаъолиятҳои хурофотии пайравони ҳизби ботили наҳзати исломӣ хеле зираку ҳушёр бошем.

Кӯдакону наврасон монанди гили шаклнагирифта ва саҳифаи сафеди нонавишта мебошанд. Дар ин даврон бетаваҷҷуҳии андак ва хурдтарин иштибоҳи волидону пайвандон метавонад онҳоро аз роҳи дурусти зиндагӣ берун созад. Барои ҳамин, тарбияти дурусти фарзанд ин ба маънои ояндасозӣ мебошад.

Ба фарзандони худ китоб тақдим кунед, онҳоро босавод ба воя расонед, чашми онҳоро ба дунёи илму технологияи муосир боз намоед, онҳоро ба омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ шавқманд гардонед. Маҳз бо ин роҳ мо ҷигарбандонамонро аз хурофоту ифрот дур месозем.

Давлату миллат аз мову шумо ва аз фарзандони мову шумо интизориҳои нек дорад.  Ҳамин аст, ки Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд:

“… Мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем”.

Биёед, коре кунем, ки фарзандонамон ҳам дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, муваффақу комёб бошанд ва ҳам сазовори боварии давлату миллат гарданд.

Ахмедов М,

Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара

Previous Post

Чорабинии саривақтӣ бо сокинони ноҳияи Зафаробод

Next Post

Дастаҷамъона мубориза мебарем

Next Post
Дастаҷамъона мубориза мебарем

Дастаҷамъона мубориза мебарем

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.