Тоҷикистони соҳибистиқлол зиёда аз чоряк аср инҷониб, дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар фазои истиқлолияти сиёсӣ бо субботона рушд менамояд. Зуҳуроти номатлубе, ки ба пешравии кишвари мо монеа эҷод мекунад, коррупсия мебошад. Ин зуҳурот ба яке аз таҳдидҳои олами муосир табдил ёфта, амнияти кишварҳои ҷаҳон ва минтақаро зери хатар мегузорад.
Муқовимат бо коррупсия ва роҳҳои пешгирии он пайваста бо рушди тамаддуни инсонӣ дар шаклҳои нав зоҳир мегардад. Аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ, новобаста аз он, ки маҳкумкунии дастаҷамъонаи ин падидаи номатлуб ва андозаи бузургии он дар рушди ҷомеа эътироф шудааст, ҳанӯз ҳам дар сатҳи кофӣ ба муваффақият ноил нагаштааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун, дигар давлатҳои мутараққии замони муосир дар раванди ҷаҳонишавии фарҳангҳои гуногун қарор дорад ва онро муаммоҳои зиёде, аз ҷумлаи терроризм, экстремизм хариду фурӯши одамон ва ба онҳо монанд, ки дар байни онҳо коррупсия мавқеи махсусро ишғол менамояд, фаро гирифтааст.
Лозим ба ёдоварист, ки коррупсия дар радифи дигар зуҳуротҳои зидди ҷамъиятӣ, ҳамчун сабаби коҳишёбии реҷаи қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, адолат ва боварии мардум ба давлат ва қобилияти давлатро дар ҳимояи ҳуқуқ ва таъмини манфиатҳои қонунии аҳолӣ халалдор менамояд, мегардад. Мубориза ба ин падидаи номатлуб дар тамоми давру замон диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намудааст, чунки он ба рушди иҷтимоию иқтисодии давлатҳо метавонад таъсири фоҷиабории худро расонад. Ин падидаи номатлуб дар шароити кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон авҷ гирифта, барои рушди устувори кишвар монеаҳо эҷод мекунад.
Аз ин рӯ, дастаҷамъона мубориза бурдан ба омилҳои коррупсионӣ ва анҷомдодани ҳамагуна чораҳои қонунӣ баҳри пешгирии он метавонад ба рушди босуботи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам оварад. Ҷиҳати муқовимат ба ин падидаи номатлуб ва решакан намудани он борҳо роҳбарияти Олии мамлакат таъкидҳои судманд намудаанд.
Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки “Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад”. Аз ин лиҳоз, барои пешгири кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми табақаҳои гуногуни ҷамъиятӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд роҳандозӣ карда шавад.
Ҳамзамон, ҷомеаи шаҳрвандиро мебояд бар зиддӣ кирдорҳои коррупсионӣ мубориза бурда, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори хеш қарор диҳанд ва барои зиндагии шоиста ва ба дасту дили пок ҳаёт басар бурда камари ҳиммат банданд.
Моро мебояд, ки дар ҳамбастаги такя ба ҳам намуда, алайҳи зуҳуротҳои номатлуби ҷомеъ махсусан зидди амалҳои коррупсионӣ дошта мубориза бурда, решаи онро аз бех нобуд созем.
Солиев М,
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Зафаробод