Коррупсия имрӯз яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Ришваситонӣ ва сӯиистифода аз вазифа на танҳо рушди иқтисодро боз медорад, балки ба зиндагии ҳаррӯзаи мардум ҳам таъсир мерасонад.
Аммо мубориза бо ин падида кори як нафар ё танҳо мақомоти давлатӣ нест. Барои аз байн бурдани он ҳамкорӣ ва масъулияти ҳар яки мо зарур аст. Махсусан ҷавонон бояд дар ин роҳ фаъол бошанд, зеро оянда аз онҳо вобаста аст.
Муҳоҷирони меҳнатӣ ва коррупсия
Муҳоҷирон яке аз гуруҳҳое мебошанд, ки бештар бо оқибатҳои коррупсия рӯ ба рӯ мешаванд. Барои гирифтани патент, иҷозаи кор ё ҳимояи ҳуқуқи худ дар кишварҳои дигар, бинобар надонистани забон, қонуну қоидаҳои кишвари бегона аксаран маҷбур мешаванд ба миёнаравҳо рӯ оваранд.
Мушкилоти асосӣ:
Хизматрасониҳои расмӣ на ҳамеша шаффофанд.
Баъзе миёнарвон ё мансабдорон аз надонистани қонун ва забон аз ҷониби муҳоҷирон истифода мебаранд.
Аз ҳисоби додани ришва маблағи муҳоҷирон зиёдтар харҷ мешавад ва ин ба даромади пулии онҳо таъсир мерасонад. Дар натиҷа интиқоли маблағ ба пайвандон кам шуда, зарба ба буҷаи оилавӣ мерасад.
Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия на танҳо барои беҳбуди вазъи дохилӣ, балки барои муҳофизати ҳуқуқи муҳоҷирон низ зарур аст.
Муҳоҷирон бояд ҳамқадами замон бошанд, пеш аз ҳама касбияташон ба бозори ҷаҳон ҷавобгӯ буда, аз технологияи муосир истифода баранд. Аз хизматрасониҳои расмии электронӣ кор гиранд. Ин онҳоро аз коррупсия ва мушкилоти ғайриқонунӣ муҳофизат мекунад ва ҳаёти ҳаррӯзаашонро осонтар месозад.
Тавре дар боло қайд кардем мубориза бо коррупсия кори танҳо давлат нест, балки кори тамоми ҷомеа мебошад. Агар ҳар як шаҳрванд масъулияти худро эҳсос кунад имконияти коррупсия кам мегардад. Барои муҳоҷирон бошад, ин мубориза махсусан муҳим аст, зеро онҳо бо меҳнати худ на танҳо оилаи худро, балки иқтисодиёти тамоми кишварро дастгирӣ мекунанд. Мубориза бо коррупсия – ин мубориза барои ояндаи софу равшани Тоҷикистон аст.
Алимардонов Ф,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Қубодиён