Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи пешрафт ва рушди устувори ҳар як ҷомеа ба шумор меравад. Ин амали номатлуб на танҳо ба иқтисодиёт, балки ба сиёсат, фарҳанг ва ахлоқи ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия вазифаи ҳар як шаҳрванди масъул ва як амри зарурии давлатӣ мебошад.
Коррупсияро метавон ҳамчун суиистифода аз вазифа ва мақоми хизматии давлатӣ бо мақсади ба даст овардани манфиати шахсӣ ё гурӯҳӣ тавсиф кард. Он метавонад шаклҳои гуногун дошта бошад, аз ҷумла: ришвадиҳӣ, тамаъҷӯӣ, хилофкориҳои молиявӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ.
Яке аз омилҳои муҳимми муборизаи муваффақона бар зидди коррупсия ин фароҳам овардани заминаи мусоид ва таҳкими ҳамкориҳои байнисоҳавӣ ба ҳисоб меравад. Дар марҳилаи муосир имкониятҳои зиёд барои амалҳои коррупсионӣ пайдо мегарданд, ки ба рушди иҷтимоӣ хатарҳои ҷиддиро ба вуҷуд меоранд. Ҳар қадаре ки сатҳи коррупсия зиёд гардад, ҳамон қадар таъсири манфии он ба обрӯи давлат дар миқёси байналмилалӣ бештар таъсир мекунад.
Яке аз роҳҳои пурсамари мубориза бар зидди коррупсия огоҳонидани мардум аз коррупсия аст. Ҳар қадар аҳолӣ аз оқибатҳои коррупсия бохабар бошад, ҳамон қадар мубориза бо коррупсия осон мегардад. Васеъ паҳн гаштани коррупсия дар мақомоти давлатӣ аз муносибати ҷомеа бо ин падида рабт дорад.
Дар воқеъ, мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои хосияти коррупсионидошта, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат ба шумор меравад. Зеро ҷиноятҳои коррупсионӣ асосҳои давлату давлатдориро аз байн бурда, ба фаъолияти муқаррарии мақомоти давлатӣ халал расонида, таъсири манфии хешро ба равандҳои иқтисодӣ ва рушди иҷтимоӣ мерасонад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд, ки “Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад”.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори худро дар самти мубориза бо коррупсия гузошта, барои пешгирӣ аз ин вабои аср тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия заминаи қонунӣ-ҳуқуқӣ вуҷуд дорад ва сари вақт мукаммал мегардад. Дар сатҳи аввали қонунгузории зиддикоррупсионӣ Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ки меъёрҳои он бевосита ба пешгирии коррупсия равона гардидааст.
Хуллас, мубориза бо коррупсия дар шароити кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон як амри зарурии миллӣ ва омили калидии рушди устувор ба ҳисоб меравад. Коррупсия на танҳо иқтисодиётро ба буҳрон мебарад, балки ба пояҳои асосии давлатдорӣ, адолат, ахлоқи ҷамъиятӣ ва эътимоди мардум ба сохторҳои ҳокимият зарбаи ҷиддӣ мезанад.
Аз ин рӯ, муборизаи самаранок бо он бояд ҳамаҷониба ва фарогир бошад, яъне на танҳо тавассути мақомоти давлатӣ, балки бо иштироки фаъоли ҷомеа, бахусус насли ҷавон, ВАО, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фард амалӣ гардад. Илова бар ин, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ахлоқии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон, нақши муҳимро дар ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ мебозад. Маориф ва тарбия бояд аз аввалин зинаҳои зиндагӣ арзишҳои адолат, поквиҷдонӣ ва масъулиятшиносиро дар зеҳни насли навин ҷо намоянд.
Дар маҷмуъ, мубориза бо коррупсия бояд бо рӯҳияи ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳамкории дастҷамъона амалӣ шавад. Танҳо дар сурати амалисозии чораҳои мушаххас, таҳкими қонун, таъмини шаффофият ва таҳияи муҳити солими иҷтимоӣ, метавонем ҷомеаи адолатпарвар, устувор ва беолоиш бунёд намоем.
Файзализода Сафаралӣ,
Сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

