Дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод боқӣ мемонад. Чандин давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтааст.
Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсир мерасонад.
Дар замони муосир экстремизм ва терроризм ба амният ва рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамеша хатар эҷод намуда, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар маркази таваҷҷуҳи кишварҳои гуногуни олам қарор гирифтааст. Ташкилоти террористиву экстремистӣ ҷавонони ноогоҳро фанд медиҳанд. Шахсе, ки маълумоти кофии диниву дунявӣ ва машғулияти муайян надорад, ба ваъдаҳои бардурӯғи гурӯҳҳои тундрав бовар шуда, гумроҳ мешавад. Ташкилотҳои террористӣ то ба андозае аз инсони оддӣ “робот” тайёр мекунанд, ки новобаста аз тағйирёбии вазъият фикри худро иваз нанамояд. Ҳолатҳое ба қайд гирифта шудаанд, ки террорист тасодуфан аз марг эмин мондааст, аммо аз мақсаду роҳи интихобкардааш барнамегардад.
Қаблан чунин меҳисобиданд, ки террорист асосан аз ҳисоби шахсони камбағал ва бешуғл омода мегардад, аммо таҳлилҳо ин ақидаро инкор намуданд. Ташкилоти террористӣ роҳу усулҳои гуногунро баҳри гумроҳ сохтан ва даст ба амалҳои харобиовар задани инсони носолим мезананд.
Ҷавонон бояд воситаҳои техникӣ, шабакаи интернетро танҳо бо мақсади баланд бардоштани илму дониш ва зеҳну маърифат истифода намуда, аз муошират бо шахсони бегона худдорӣ намоянд, зеро гурӯҳҳои ифротгаро шабакаи интернетро воситаи муҳими ҷалби ҷавонон ба сафи худ интихоб намудаанд.
Мубориза бо терроризму ифротгароӣ қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост ва ҳамкории ногусастании ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри пешгирии ин зуҳуроти номатлуб хеле муҳим аст.
Борониева Сакина,
Мутахассиси пешбари шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе