• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Мулоқот бо намояндагони Вазорати рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар

Migration Service by Migration Service
10.12.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Мулоқот бо намояндагони Вазорати рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

10 декабри соли равон дар Хадамоти муҳоҷират бо иштироки муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Қиёмиддин, муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират Шарифзода Маҳмадсалим Пир, МД “Агентии бокортаъминкунӣ  ба хориҷа”, МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе ва суъбектҳои хоҷагидор дар шакли маҷозӣ мулоқот бо намояндагони Вазорати рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ, пеш аз ҳама бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Қатар мебошад.

Бояд қайд кард, ки намояндагони Вазорати рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар даъват карданд, ки тамоми шароитро барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ – мутахассисон фароҳам меоранд. Тибқи қонунҳои давлати Қатар ҳуқуқи коргаррон  ҳамаҷониба ҳимоят карда мешавад ва дар назди кордеҳ ё корфармо масъулияти бештаре гузошта шудааст.

Дар рафти мулоқот зиёда аз 20 субъектҳои хоҷагидор, ки иҷозаи  интиқоли қувваи корӣ ба хориҷи кишвар доранд, розигии худро барои ҳамкорӣ бо ширкатҳои давлати Қатар доданд.

Ҳамзамон, мутобиқи Созишномаи Тоҷикистону Қатар теъдоди муҳоҷирон маҳдуд нест ва вобаста ба талаботи давлати Қатар ва омодагии касбии муҳоҷирони меҳнатӣ ба ин кишвар сафарбар мегарданд.

Чуноне, ки мо огоҳ ҳастем, рӯзҳои 25-27 ноябри соли 2024 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо мақсади пайгирии супоришҳо аз натиҷаи сафарҳои сатҳи олии Тоҷикистону Қатар  ба шаҳри Дохаи Давлати Қатар сафари хизматӣ анҷом дод.  Тибқи барномаи сафар 25 ноябр мулоқоти дуҷонибаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа  бо вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар ҷаноби Алӣ Бин Самих ал-Маррӣ баргузор гардида, дар идома ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории муштарак оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ ба Давлати Қатар аз 3 феврали соли 2019 баргузор гардид. 

Зимни баррасии масъалаҳо таваҷҷуҳи гурӯҳи корӣ ба дуруст татбиқ намудани муқаррароти Созишномаи мазкур ва андешидани чораҳои  дахлдор ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, ки барои сафарбарсозии довталабон мусоидат менамояд, ҷалб карда шуд. Ҳайати  Тоҷикистон дар навбати худ пешниҳод намуд, ки ҳамкории минбаъда ҷиҳати бокортаъминкунии  шаҳрвандони Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар асоси муқаррароти ин созишнома, ки қонунгузорӣ ва қоидаҳои амалкунандаи ҳар ду кишварро дар бар мегирад, ба роҳ монда шавад. 

Дар ҷараёни сафар 26 ноябр мулоқоти дуҷонибаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо вазири навтаъини маориф ва таҳсилоти олии Давлати Қатар хонум Лолвах бинт Рашид бин Мухаммед Ал Хатер баргузор гардид. Зимни мулоқот паҳлуҳои масъала вобаста ба дархости лоиҳавии пешниҳод намудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси таъсиси Марказҳои омӯзиши забонҳои арабию англисӣ барои муҳоҷирон дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор гирифта, ташаббуси мазкур бо пешниҳоди ворид намудани касбомӯзии шаҳрвандон, аз ҷониби хонум Лолвах бинт Рашид бин Мухаммед Ал Хатер дар маҷмуъ дастгирӣ ёфт. 

Инчунин, мулоқоти алоҳидаи ҳайати Тоҷикистон бо роҳбари ширкати “Qatar Manpower Solutions Со” (Ҷусур) Абдулҳоди Бахит Барқан (сохтори масъули бахши муҳоҷирати Давлати Қатар) ва роҳбарони ширкатҳои қатарии “Power international” ва «Building for generation”, ки дорои иҷозатнома  барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ мебошанд, доир гардид. 

Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба тартиби бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, шарту шароит ва будубоши довталабон, пешниҳоди дархостҳои расмӣ ва ҷойҳои кории холӣ аз ҷониби корфармоён, инчунин платформаи нави электронии ширкати Ҷусур (www.tawzeef.qa), ки барои корҷӯён роҳандозӣ шудааст, мавриди муҳокима қарор доданд. 

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Нақши ВАО дар пешгирии коррупсия

Next Post

Оқибати нохуби ифтрогароӣ

Next Post
Оқибати нохуби ифтрогароӣ

Оқибати нохуби ифтрогароӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.