• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Мулоқоти судманд бо шаҳрвандон дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Migration Service by Migration Service
08.04.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Мулоқоти судманд бо шаҳрвандон дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Риояи талаботи қонунгузории Федератсияи Россия, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар хизматрасониҳои фаъолияти меҳнатии мувақатӣ дар Федератсияи Россия, омодагӣ ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар, аз байн бурдани муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ ин буд он саволҳое, ки кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират якҷоя бо Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” бо шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ, ки азми сафар ба Федератсияи Россия доранд, мулоқоти судманд доир намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ ба шаҳрвандон оид ба мушкилиҳое, ки имрўз дар раванди муҳоҷират муҳоҷирони меҳнатӣ дучор мешаванд ва чи тавр аз ин омилҳо эмин нигоҳ доштани худ суханронӣ намуда, оиди қонунҳои амлкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират ба ҳозирин маълумот доданд.

Ба саҳми муҳоҷирон расонида шуд, ки пеш аз сафар ба кишвари Россия, дар маҳзани манъшудагон шиносномаи худро санҷида баъдан азми сафар намоянд, ҳангоми сафар пур намудани варақаи баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро мақсаднок амалӣ намуда, барои фаолияти меҳнатӣ ба кишварҳои хориҷа, аз ҷумла Федератсияи Россия бояд касби муайяне дошта бошад, забони давлатии кишвари қабулкунандаро ҳадди ақал бо тарзи муошират донад ва аз таъриху тамаддун ва қонунҳои амалкунандаи он бохабар бошад, ки ҳангоми будубош ба мушкилотҳо дучор нагардад.

Инчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба масъалаи пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ эктремистӣ, ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ, омӯзиши фарҳанги бегона, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масоили мубрами рўз фикру андешаҳои худро ба ҳозирин иброз намуда қайд карданд, ки экстремизм, терроризм, миллатгароӣ бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ дар тамоми дунё паҳн шуда, боиси халалдор намудани сохти амнияти ҷамъиятӣ ва дигар амалҳои нангин мегардад.

Ҳар нафари берун аз кишвар бояд худро аз таъсири чунин гурўҳҳо дар канор гирад, зеро гурӯҳу созмонҳои экстремистию террористӣ омодаанд, ки ҳар нафари ҷамъияти имрўзаро тариқи давъатҳои таблиғотӣ истифода аз паёмакҳои телефонӣ, саҳифаҳои иҷтимоию интернетии шабакаҳои однокласник, фейсбук ва дигар сомонаҳо бо ташвиқоту ваъдаҳои бардурӯғ ҷалб намуда, ба сафҳои худ шомил намоянд.

Бо назардошти гуфтаҳо таъкид гардид, ки дар мавриди дучор омадан ба чунин ҳолатҳо эҳтиёткориро аз даст надода, кӯшиш кунед, ки мушкилоти худро на ба танҳоӣ, балки бо Сафорат, Консулгариҳо ва Намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР, диаспораҳо ва ё мақомотҳои дахлдори ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия муроҷиат намуда ҳал намоед.

Дар рафти суҳбат ба нафароне, ки бе сабаб ё бо роҳи маъмурӣ аз кишвари Россия ихроҷ гардидаанд тавсия дода шуд, ки руҳафтода нашуда барои дарёфти кор ба сохтори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо муроҷиат намоянд.

Қайд гардид, ки айни замон дар дохили кишвар барои дарёфти кори мувофиқ ва музди меҳнати баланд бо шароитҳои хуб имконияти фароҳам буда, ширкатҳои сохтмонӣ, саноатӣ, роҳсозӣ, корхонаҳои бузурги ватанӣ аз қабили НБО «Роғун», ҶСП «Ҷунтай-Данғара», «Син силу текстил» ва дигар сохтмонҳои биносозӣ ба коргар ва мутахассисони соҳибмалакаи ватанӣ эҳтиёҷ доранд.

Дар фарҷоми вохўрӣ ба дигар саволҳои иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои гуногун ҷавобҳои муфид дода шуда, брошюраҳои роҳнамои ҳангоми сафар тақсим карда шуд.

Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Терроризм ва экстремизм хатари ҷиддӣ ба суботу амнияти давлатҳо

Next Post

Нақши ВАО дар таъсирпазирии ҷомеа

Next Post
Нақши ВАО дар таъсирпазирии ҷомеа

Нақши ВАО дар таъсирпазирии ҷомеа

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.