• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Мулоқти судманд бо роҳбарони диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар Хадамоти муҳоҷират

Migration Service by Migration Service
10.04.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Мулоқти судманд бо роҳбарони диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар Хадамоти муҳоҷират
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

10 апрели соли равон Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо бо роҳбарони диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ, ки дар Федератсияи Россия кору фаъолият менамоянд, мулоқоти судманд баргузор гардид. 

Дар мулоқот Музафаров Соҳиб – раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Улан-Удэ-и республикаи Бурятия, Муминов Зафар – раиси ҷамъияти тоҷикони вилояти Нижный Новгород, Тоиров Сабриддин – раиси ҷамъияти тоҷикони Тотористон, Давлатов Муҳаммадӣ – раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Новосибирск ва Маликшоев Муриват – раиси ҷамъияти миллӣ – фарҳангии ба номи “Соотечественники” тоҷикони вилояти Иркутск иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки бо кушишу талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир робита бо диаспораи тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби бештари онҳо барои ҳалли масъалаҳои муҳоҷират, дастгирии сиёсати сулҳпарваронаи давлати Точикистон дар хориҷ, тарғиб ва нигоҳдошти арзишҳои миллӣ, фарҳанг, таърих ва забони миллати тоҷик дар миёни ҳамватанони бурунмарзӣ ташаккул ёфта истодааст. 

Зикр гардид, ки таҷрибаи фаъолиятҳо дар ин самт нишон медиҳад, ки қисми бештари намояндагони диаспора, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар хориҷ, бахусус дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон бо намояндагиҳои мақомоти Тоҷикистон дар ин кишварҳо робитаи хуби ҳамкорӣ дошта, аз амалкардҳои ин намояндагиҳо пайваста дастгирӣ намуда, барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита мусоидат менамоянд. 

Айни замон 67 ташкилоти ҷамъиятӣ, маркази фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон ба таври расмӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия фаъолият доранд ва бовар дорем, ки ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, таъмини онҳо бо ҷойи кор ва ҳаллу фасл намудани дигар масъалаҳои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ саҳми муносиб мегиранд. 

Нодирзода Иматшо аз роҳбарони диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ хоҳиш намуд, ки оид ба  расмиятдароририи ҳуҷҷатҳои будубош ва қонунигардонӣ дар Федерастияи Россия,  ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 шаҳрвандони хориҷӣ имкон доранд, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия то 30 апрели соли 2025 фаъолият ва ҳуҷҷатҳои будубоши худро тартиб дода, дар кишвари иқомат расман кору фаъолият ва будубоши шаҳрвандони ҷумҳурӣ  кумаки худро расонанд.

Ҳамзамон, роҳбарони диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ омодаанд барои бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин намудани шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ мусоидат намоянд.

Инчунин, дар рафти мулоқот аз ҷониби Сардори Хадамоти муҳоҷират ба роҳбарони диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ аз рафти сохтмони бинои нав, ки дар он шаҳрвандоне, ки касбу ҳунар надоранд ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ машғул мешаванд, маълумот дод.

Дар фарҷом аз рафти сохтмони бинои нави мазкур дидан намуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират 

Previous Post

Ҷамъбасти се моҳа дар Раёсати Хадамоти муҳоҷират

Next Post

Ҷамъбасти фаъолияти Хадамот дар семоҳаи авали соли равон

Next Post
Ҷамъбасти фаъолияти Хадамот дар семоҳаи авали соли равон

Ҷамъбасти фаъолияти Хадамот дар семоҳаи авали соли равон

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.