Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкори бо раисони кумитаи маҳаллаҳо барои боз ҳам амиқу дақиқ фаҳмидан ва таҳлил намудани рафт ва шароити зисту шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
Дар рафти пурсиш ба раисони кумитаи маҳаллаҳо, фаъолони ҷомеа ва муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, оиди қоидаҳои нави Федератсияи Россия роҷеъ ба муҳоҷирати меҳнатӣ фаҳмонида шуд, ки аз оғози соли 2026 дар якчанд минтақаҳои Федератсияи Россия арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ гаронтар мегардад.
Ба таваҷҷуҳи сокинон расонида шуд, ки аз 1 январи соли 2026 арзиши моҳонаи патент барои шаҳрвандони хориҷӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар шаҳри Москва фаъолияти меҳнатӣ мебаранд, зиёд гардида, 10 000 рублро ташкил медиҳад (ба ҷои 8 900 рубл дар соли 2025).
Асос: Қонуни шаҳри Москва аз 01.11.2025 “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қонунҳои алоҳидаи шаҳри Москва дар соҳаи андозбандӣ”, ки мувофиқи он коэффисиенте, ки хусусиятҳои минтақавии бозори меҳнатро дар шаҳри Москва барои соли 2026 инъикос мекунад, ба андозаи 2,9323 муқаррар шудааст (дар соли 2025 — 2,8592).
Муҳим барои онҳое, ки ният доранд дар соли 2026 дар шаҳри Москва фаъолияти меҳнатиро шуруъ кунанд ё идома диҳанд: Агар шумо барои як ё якчанд моҳи соли 2026 патентро бо нархи кӯҳна (8 900 рубл) пешакӣ пардохт карда бошед, ҳеҷ гуна пардохти иловагӣ талаб намешавад. Қабзҳои пардохтшуда амалкунанда мемонанд. Шумо метавонед маблағи зиёдеро сарфа кунед, агар патентро барои соли 2026 то 31 декабри соли 2025 пешакӣ пардохт намоед. Дар ин сурат арзиши ҳар моҳи соли 2026 8 900 рубл, на 10 000 рубл мешавад. Сарфа барои як моҳ — 1 100 рубл. Агар патентро барои тамоми соли 2026 (12 моҳ) пешпардохт кунед, сарфа 13 200 рубл-ро ташкил медиҳад.
Тавсия дода шуд, ки пардохтро ба рӯзҳои охири декабр нагузоранд, то аз навбатҳо дар бонкҳо ва ноқисиҳои техникии эҳтимолӣ ҷилавгирӣ шавад.
Оид ба масъалаҳои вобаста ба тартиб ва пардохти патент, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ё ба масъулини Ҳавзаҳои минтақавии мо муроҷиат намоянд.
Иштирокчиёни вохӯрӣ идомаи чунин чорабиниҳоро дар дигар маҳаллаҳо зарур ва саривақти арзёби намуда, аз ташкили ин мулоқоти созанда изҳори сипос карданд. Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

