Кормандони масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд вобаста ба вазъи омаду рафти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Россия дар терминали мусофиркашонии роҳи “Абрешим”-и шаҳри Хуҷанд бо муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба самти Федератсияи Россия шаҳри Москва тавассути нақлиёт сафар менамоянд, мулоқот баргузор намуданд.
Дар рафти мулоқот кормандони Шуъба, доир ба зарурати фаъолият дар доираи қонунгузории кишвари иқомат, фаъолияти меҳнатии қонунӣ ва риояи техникаи бехатарӣ ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ фаҳмонида шуда, ба саволҳои пешниҳодгардида аз ҷониби шаҳрвандон посухҳои мушаххас гаронида шуд.
Зикр гардид, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба самтҳои фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари иқомат метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, ҷиҳати гирифтани тавсия ва машваратҳои ҳуқуқии ройгон муроҷиат намоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126 барои қонунигардонии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави кишвари иқомат шароит фароҳам оварда, муҳоҷирони меҳнатие, ки ғайриқонунӣ дар кишвари иқомат будубош менамоянд, метавонанд, ки фаъолияти худро расмӣ намоянд.
Ҳамзамон, зимни вохӯрӣ вобаста ба тарбияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонон, гиромӣ доштани арзишҳои милливу фарҳангӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон суханронӣ намуда, даъват ба амал оварда шуд, ки аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва экстремистиву террористӣ худдорӣ намоянд.
Дар охир, оид ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати қабулкунанда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгири, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирфтани Патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз дар алоҳидагӣ ба ҳозирин фаҳмонида шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд