Чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, санаи 28-уми декабри соли 2023 дар толори калони «Кохи Сомон»-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардид.
Тамоми сокинони кишвар бо як самимияти хосса ва дилгармии беандоза дастаҷамъона Паёмро шуниданд ва эҳсос карданд, ки он бевосита раҳнамоест барои зиндагии шоистаи мардум.
Мо, бояд ҷавобан ба ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, барои пешрафти Ватани азизамон – Тоҷикистони биҳиштосо саҳмгузор бошем.
Дар ин асно, санаи 29-уми январи соли равон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб таҳти Раёсати раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Муҳамадулло Умар ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб Қосимзода Маҳтоб Пир вохӯрӣ бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Варзоб – Қалъаи ноҳия доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, сардори бахши Хадамоти муҳоҷират, роҳбарон ва кормандони Раёсат, шуъба ва бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, соҳаҳои маориф, тандурустиву фарҳанг, вакилон, раисони кумитаҳои маҳал, имомхатибон ва фаъолони Ҷамоати болозикр, волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, роҳбар ва аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» иштирок намуданд, ки теътоди иштирокчиён 350 нафарро дар бар мегирад.
Сараввал, раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ зимни суханронии худ иброз доштанд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад».
Дар баробари ин, раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ ибрози андеша намуданд, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар қайд намуданд, ки «Бо итминон изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо кору фаъолияти аҳлона Ватани азизамонро, хусусан, то ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ ободу зебо месозем, давлати соҳибистиқлоламонро пешрафта мегардонем ва эътибору обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем».
Баъдан, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Муҳамадулло Умар баромад намуда, ёдовар шуданд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, таъмини рушди иқтисод, саноат, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳиро муайян карда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Инчунин, Шерализода Муҳамадулло Умар қайд намуданд, ки дар Паёми Сарвари давлат ироа гардид, ки «Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем».
Дар охир раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ иброз намуданд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб пайгирона аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти хешро ба роҳ монда, дар ҳифзи озодиву Истиқлолияти кишвари азизамон ва манфиатҳои милливу давлатӣ нерӯи созандаи худро баҳри ободиву тараққиёти Тоҷикистони азизамон равона месозад.
Ҳамчунин, Дамонзода Хусрав Назаралӣ ба масъулини соҳа дастуру супоришҳо дода, қайд намуданд, ки ҷиҳати амалӣ намудани стратегияҳои миллӣ ва барномаҳои давлатӣ саривақт чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар баробари ин, ёдовар мешавем, ки чунин силсилавохӯриҳои судманд аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб якҷо бо Раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, дар ҳамкорӣ бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо фаъолони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Варзоб баргузор гардида истодааст.
Орифҷон ОЛИМЗОДА,
сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб