Бо мақсади татбиқи пайгиронаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини амнияти иҷтимоӣ, пешгирии таҳдидҳои муосир ва баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолӣ, инчунин дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор дар Литсейи касби техникии ноҳия мулоқоти масъулин бо омӯзгорон ва хонандагон баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъулин ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон, муқовимат бо тамоюлҳои ифротгароӣ ва бегонапарастӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқиву сиёсӣ, истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани маърифати тиббӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар шароити муосир нақши муассисаҳои таълимӣ ва оила дар тарбияи дурусти насли наврас ниҳоят муҳим буда, танҳо дар ҳамбастагӣ ва ҳамкории зичи мактаб, оила ва ҷомеа метавон муҳити солими тарбиявиро фароҳам оварда, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ба камол расонд.
Дар ҷараёни мулоқот намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия оид ба масъалаҳои муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаи меҳнатӣ ва риояи меъёрҳои бехатарӣ дар ҷои кор баррасӣ гардид ва вобаста ба аҳамияти шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон таъкид карда шуд. Ҳамчунин ба хонандагон тавсия дода шуд, ки вақти холии худро муфид истифода баранд ва барои аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ба марказҳои забономузӣ муроҷиат намоянд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷиҳати таҳкими ҳамкории минбаъдаи сохторҳои дахлдор бо муассисаҳои таълимӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа гардида, аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳои маърифативу тарбиявӣ барои пешгирии омилҳои номатлуб ва тарбияи шоистаи насли ояндасоз махсус таъкид карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

