Тибқи нақшаи амалии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод бо мақсади тақвияти робитаи мустақим бо аҳолӣ, огоҳсозии шаҳрвандон аз сиёсати пешгирифтаи давлат, инчунин омӯзиши мушкилоту пешниҳодҳои сокинон, вохуриву мулоқот дар Ҷамоатҳои деҳоти Бӯстон, Меҳробод, Баҳор, ба номи Дустмурод Алиев, Ҷавонон, Чашмасор, Қалъаи Дашт ва шаҳраки “30 солагии Истиқлол” бо иштироки раиси ноҳия Каримзода М., раиси суди ноҳия, прокурори ноҳия, сардорони ШВКД ва ШКДАМ дар ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва инчунин бахши Хадамоти муҳоҷират баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохурӣ бо сокинон суҳбату мулоқоти самимӣ анҷом дода шуда, масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва рӯзмарраи аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Сокинон фикру андеша, дархост ва пешниҳодҳои худро вобаста ба беҳтар намудани шароити зиндагӣ, ободонии маҳалла, хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои мубрам иброз намуданд.
Ҳамзамон, корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат, татбиқи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақши ободониву созандагӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ дар ҷомеа ба роҳ монда шуд. Таъкид гардид, ки саҳми ҳар як шаҳрванд дар пешрафт ва шукуфоии Ватан ниҳоят муҳим мебошад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Басонат Азизова масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва риояи кардани қоидаҳои бехатарии меҳнатӣ баррасӣ гардиданд. Ҳозирин ҳамчунин дар бораи таҳдидҳо вобаста ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, террористӣ ва ҷиноятӣ огоҳонида шуданд. Қайд шуд, ки зарур аст ҷавонон бештар ба таҳсил дар мактабҳо, коллеҷҳо ва донишкадаҳо ҷалб карда шаванд.
Илова бар ин, таваҷҷуҳи ҳозирин ба масъалаҳои тандурустӣ ҷалб карда шуд. Аз ҷумла, маълумот дар бораи бемориҳои вирусӣ, махсусан ВИЧ/СПИД ва сил пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштӣ ва нигоҳубини саломатӣ омили муҳими пешгирии ин бемориҳо мебошад.
Дар анҷоми вохӯрӣ масъулон изҳор доштанд, ки ҳамаи пешниҳодҳо ва масъалаҳои бардошташуда мавриди омӯзиш қарор гирифта, ҷиҳати ҳалли онҳо тадбирҳои мушаххас андешида хоҳанд шуд.Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

